Главная » Статьи » Стихи [ Добавить статью ]

Чавоби Амирбеков Ҳабиб ба Давлатшо Зуробеков

26-06-1972

Давлато бо таъби худ моро ҳаирон кардаи,
Аз латофат ғунчаи шавқам шукуфон кадаи.
Меҳнати ман назди ашъори ту як зарраест,
Аз муҳаббат хонаи дилро чароғон кардаи.
Гавҳари қимат ба зери хок пинҳон хуб нест,
Ту чаро таъби,сафои хеш пинҳон кардаи .
Ман агар ҷам оваридам аз хирман донае,
Аз латофат нархи онро ту ду чандон кардаи.


Вақти он омад,ки бо зулфи сухан зад шонае,
Ё арусони суханро ту ба зиндон кардаи?
Дар Бадахшон ганҷ бисёр аст вале сарроф кам,
Ман аминам ту маро табрик фаровон кардаи .
Дар Бадахшон лаъл ҳам кам нест,лекин ту маро
Сарфароз аз лаъли мулки Ғорон кардаи .
То ки бошад лаъл дар кон,лолаҳо дар куҳсор,
Сурх руиро барои хеш арзон кардаи .
Ҳамчу лаълу лола доим сурх ру бош эй азиз,
З-он ки ёде з-ин фақири дил парешон кардаи.
Ман Ҳабибам, ҳаст маҳбубам аҳли қалам,
Лек ту чун мардумак ҷои ба чашмон кардаи
.

 

Ки кашам бо аҳли ирфон рамз ман.
Лек андар баргҳо ҳаст ин қадар
Аз китоби маснавӣ гулҳои тар .
Баит хоҳам чун шаб лек андар ин ,
Мунтазам шуд дуррҳо паси симин .
Худ ту ин гуфторро аз ман мабин,
Чумлаги гуфтори Мавлоност ин .
Ман зи худ холи шудам зи у пур шудам.
Чун садаф аз файзи у пур дур шудам.
Нест ин гуфтор, Мавлоност ин.
Аз забони шоҳиде ҷуёст ин .
Нест ин гуфтори ман эй роз ҷу.
Аз забони шоҳиде гуё аст у .
Бишнав ин гуфторро бо гуши ҷон,
То туро асрори ҳак гардад аён .
Ту яқин медон баитҳои ин китоб,
Ҳар яке як соғаре пур аз шароб.
Ин шароби маънавиро нек мард ,
Бо даҳони ҷон тавонад нуш кард.

Амирбеков Ҳабиб

Читать  Аз Давлатшо Зуробеков ба Ҳабибов Амирбек►►►

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Стихи | Добавил: amin (18.09.2014)
Просмотров: 511 | Теги: стихи, Давлатшо Зуробеков | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info