Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев | [ Добавить статью ] |
( 1819-1910 )
Тақрибан дар соли 1819 дар деҳаи зебоманзари Намадгут Мулло Назаршо дар оилаи деҳқон чашм ба дунёи ҳасти кушод. Назаршо хату саводи ибтидоиро дар назди амакаш Мулло-Қаравул, ки дар замони худ яке аз одамони босаводтарини замони худаш ба ҳисоб мерафт омухта, минбаъд дар ин ҷода ба комёбиҳои бузурге ноил гардида, ҳамчун шоири халқи ва олими дини дар байни мардум машҳур гардидааст.Эшон аз синни ҷавониаш попеч дар роҳи ростию росткорӣ, илму адаб буд.
”Дар қисми ғарбу шимоли деҳа дар болои теппаи нисбатан мушкилгузар тахтасанге хобидааст, ки дар руйи он ба монанди иззи суми асп нақше вуҷуд дорад ва мардуми ин маҳал онро иззи суми аспи Ҳазрати Али (а) маънидод мекунанд.” Дар он замонҳо мардуми ин сарзамин барои дарёфти нияту мақсадҳои некашон ба онҷо баҳри зиёрат мерафтанд. Ва ин мард мехостаст ба онҷо раваду зиёраташ кунад, баъди мулоқот омузгор Мулло-Қаравул хохиш намуд:
Баъд аз он ба Назаршо менигарад ва мепурсад, ки чи орзӯ дар дилат дори? Азбаски мард бисёр марди нурониву ситорадор буд Назаршои хурдакак ҷуръати гапзадану гуфтанро ба ӯ накард ва ин марди нурони мегуяд, ки ман дидам вақте, ки вориди мадраса гаштам, дигарон маро менигаристанду фикру хайёли шумо руҷуъ ба хониш буд, гарчи шумо ба ман умеду ормонатонро намегуед, ман дуъои хайр мекунам аз Худованди мутаол барои ҳафт пуштатон орзӯ дорам, ки илоҳо аз илму адаб баҳравар гарданд.
Мамнунам аз арвои поки он мард, ва беандоза хушнудам, ки тухми лутфу меҳрубонӣ ва дуъои хайри ӯ дар шони бузурги авлодам бо муҳаббат парвариш шуду хӯшаи маърифаташ ба хирмани камолот расид ва то кунун кабутари бахти чаҳор пушти мулло Назаршо дар фазои илму ирфон ва ҳамқадами замонанд. Назаршо соҳиби як писару се духтар буд писараш Зуробек ва духтаронаш Гулшодбегим, Аётбегим ва Бика ном доштаанд. Ин марди некбин кулли фарзандонашро дар як одоби меҳрубони ва илму маърифат тарбият намуда, ҳамчун инсонҳои комил ба воя расонид. Назаршо, ки шахси донишманди замони хеш буд, ҳаммаслакон ва ҳамдиёронаш ба ӯ лақаби “Мулло”-ро изофа намудан ва минбаъд ӯро мулло Назаршо меномиданд. Мулло Назаршои ишкошими яке аз шоирони ҳозирҷавоби Бадахшон, ходими беҳтарини диниву илми он замон буд. Аз сарнавишти мулло Назаршо– сокинони ин диёр ҳикоят мекунанд, ки камина беандоза ҳозирҷавоби ирфонии даврони худ буд
Баъд аз шунидани каломи хушлафзу хушмазмуни мулло Назаршо, пир куллан қонеъ гашту мисраи дигареро лабрез кард: Ай Назаршо ба ту офарин!!!
Баъд аз суҳбати меҳролуди онҳо Пир Мулло Назаршоро ба меҳмони даъват кард ва бо самимият гуселаш кард.
Сарҷамъи бузургонамон дар ин акс, тақрибан соли 1902, дар деҳаи Рин ҳангоми мулоқоташон бо намояндагони Русияи подшоҳи дар мавзӯъи дохилшудани Бадахшон ба ҳаййати Русия. Ин масъала дар байни давлатҳои Англия ва Россия пухта буд, ки тарафи рости сохили дарёи Бадахшон ба ҳаййати Руссия дохил мешаваду -тарафи чапи соҳили дарёи Бадахшон ба ҳаййати Англия. Ин аксро хушбахтона дар яке аз китобхонаҳои Маскав дастрас кардем.
Аз каломи Назаршо малум гашт, ки вохури дар фасли тобистон баргузор шудааст.
Мулло Назаршо пайваста аз пешравиҳои диёри худаш хурсанд мегардид ва дар инҷода шеърҳо низ эъҷод менамуд Дар дехаи Шитхарви нохияи Ишкошим Холдорбек ном марде мезист, У дар таърихи водии Вахон роҳи мушкилгузари мавзеъи Нархунд-ро ки дар рафту омади мардум монеъаҳои зиёдро эъҷод менамуд, дасти сохта ба сомон расонид. Мулло Назаршо бади чанде аз ин роҳи ба сомономада гузар карда, аз корнамоии Холдорбек ба ваҷд меояд. Мисраҳои шеъри дар бораи Холдорбеки заҳматкаш маҳз дар роҳи дараи Нархунд эъҷод шудаанд:
Боигарии аслие, ки мо халқи тоҷик дорем, аниқтараш мо бадахшониҳо дорем албатта, маданияту фарҳанги баланд, шоирону нависандагони нотакроранд, ки мислашон дар олам дар он замон он қадар зиёд набудаанд. Нафароне, ки бо дасту дили пок ба инсоният некиву накукориро панд додаанд, хислатҳои баланди инсонӣ – дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву муҳаббат, ва сулҳ буданро тавсия кардаанд. Хушнудии камина ишора бар он аст, ки аз баракати ин бузургонамон то кунун ин некиву накукори ҳамчун падидаи нодир ва арзишманд дар байни моён боқи мондааст ва умедворам, ки аз насл ба насл бамонанди зинҷир васл шуду, боқию гиромӣ хоҳад монд.
Читать другие статьи Саодатқадам Назаршоев P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке: | |
Просмотров: 1179 | | |
Всего комментариев: 0 | |