Главная » Статьи » Статьи SpoWaxon [ Добавить статью ]

70 - соли рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак!!!

Инак, 70 соли аз рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расид.  Муҳимияти ин воқеъаи таърихӣ аз ҳар соли гузашта танҳо меафзояд.


Кӯтоҳ аз таърих:

"Иди Ғалаба, Ҷанг, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зурӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шуравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. 22 июни соли 1941 қувваҳои мусаллҳхи Германия ногаҳон ба эълони пешакии ҷанг ба Иттифоқи Шӯрави ҳуҷум карданд. Роҳбарони сиесии Германия нақшаи хуҷумро, бо номи рамзии «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. Ин нақша яъне ҷанги «Баркосо» бо мақсади дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ба миен омад. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шӯрави муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Украина, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиед муқобили душман истодагари намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Нерӯи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшави имзо гузошт. Баъди 9 май рӯзи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Хушбахтона, халқи тоҷик, бахусус, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳубин ва кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чораҳои мушаххаси амалӣ андешида истодааст. Онҳо аз имтиёзҳо бархурдор буда, кӯмакпулӣ мегиранд. Ба барҷомондагон дар ҷои иқомат хидмат расонида мешавад. Ҳар сол иди Ғалаба бар фашизм бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Албатта, зинда доштани ин санаи таърихи вазифаи муқаддаси мост. Касе ҳак надорад, ки онро фаромӯш созад."


Имрӯз сипосманд аз он ҳастем, ки Мардони бо нангу номуси деҳаи Намадгут ба монанди Мамадраимов Рамадон, Қурбоншоев Маъруф, Алифшои Мадшо, Султонмамадов Мирзохон, Шомастонов Абдуламид ва чандин -  собиқадорони мӯҳтарам, ки аз рустоҳои Тоҷикистон ва аз ҷумла Бадахшон дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона ҷангида ва инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд, тоза хотираи неки ҳамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар қалбҳоямон ҷовидон меисобем. Ҳоло мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва ҳисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид.

Ғалабаи беназири онҳо бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.
Дар воқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои талх ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ баланд аст.

Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад. Дар ин айёми муборак ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу менамоям. Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш нахоҳем кард!!! Азизон биёед дасти дуо бардорем то аз Худованди бениёз талаб кунем, ки руҳи онҳоро шоду хонаи охираташонро обод бигардонад. Хонаобдон!!! Хонаободон!!! Хонаободон!!!

 

P.S. Аз он сабабе, ки тамоми иштирокчиёни Вахонзаминро намешиносам, бисёр сипосманд мешудам, ки ном ва ҷои зисташонро дар шарҳ (комментария) менавистед. Инчунин, агар имконият бошад сурат ё маълумоти мухтассар дар бораи онҳо навишта ба почтаи электронии ман spowaxon@gmail.com равона мекардед. Мо дар навбати худ онҳоро дар сомона аз номи шумо нашр хоҳем кард.

Раҳмат))

Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд.

 

- SpoWaxon & Саодатқадам Назаршоев

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Статьи SpoWaxon | Добавил: amin (06.05.2015)
Просмотров: 904 | Теги: намадгут, 70 солагии ғалаба, Мамадраҳимов Рамадон | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info