Главная » Статьи » Народные Сказки и легенды [ Добавить статью ]

Вахонидухтари кӯҳнавард - аз Райҳони Соҳибназар

                  

Вахонидухтари  21- сола Самина Байг  қаҳрамони кишвари Покистон  ба шумор меравад, чун 19 маи соли  2013  аввалин намояндаи занон ва сеюмин покистоние буд, ки  ба кӯҳи Эверест,  баландтарин дар ҷаҳон - 8848  метр, баромадааст. Нафари дуюми аз ин кишвар қуллаи мазкурро фатҳнамуда бародари Самина Мирзо Алӣ мебошад. Бародару хоҳар Самина ва Мирзо Алӣ  аз  рустои Шимшоли водии Гоҷали Ҳунзоанд, ки он  дар Покистон бо номи Вахони хурд маъруф аст. Ба андешаи рӯзноманигор Палаш Гҳош  аз Ню- Йорк,  зодгоҳи Самина ва Мирзо аз дигар манотиқи Покистон ба куллӣ фарқ мекунад.  Дар баробари  зикри  тафовутҳо дар урфу одат, ҷои зист ва  паҳлӯҳои рӯзгори мардуми ин водӣ,  муаллифро бештар дараҷаи маълумотнокии занон дар ин мавзеъ, ки  100 фоизро ташкил медиҳад, ба тааҷҷуб овардааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор,  дар  дигар манотиқи Покистон занону духтарон ба ин сатҳ ба омӯзиш фаро гирифта нашудаанд ва  муносибат низ нисбати   мавқеи онҳо дар ҷомеа ба куллӣ фарқ мекунад.
Ин аст, ки кӯҳнавардии Самина ва фатҳи қуллаи баландтарин аз ҷониби ӯ дар тафаккури ҷомиаи Покистон инқилоберо оиди фаъолиятҳои  ҷамъиятии занон ба вуҷуд овард. Президенти вақти кишар Осиф Али Зардорӣ иродаи қавӣ ва ҷасорати  Самина Байгро  таҳсину офарин  гуфта, дар табрикоти худ иброз доштааст, ки кори  ӯ боиси ифтихори кулли мардуми  Покистон аст. Баромадани Самина ба балантарин  қуллаи ҷаҳон - Эверест барои мамлакат шарафи бузург аст ва  Саминаи ҷавон метавонад бо ин ҳунараш занони  кишварро аз паи худ барад.
“Замони  нахустин бор омадани ман ба шаҳр,  муҳитеро дидам, ки дар тафовут бо мардон нисбати занон ҳамчун  инсонҳои дуввумдараҷа муносибат мекунанд ва шумори занони соҳибмаълумот хеле кам аст, -  изҳор намудааст  Самина ба агентии Франс Пресс, -  аммо дар ҷамъяите ки ман зиндагӣ мекунам,  занон баробари мардон дар ҳаёт нақши муҳим доранд. Ман мехоҳам ба занон бигӯям, ки онҳо низ мисли мардон нерӯю тавони зиёд доранд  ва метавонанд баробари онҳо дар рушди ҷомиа  саҳм дошта бошанд. Дар  муҳите ки ман ба воя расидаам, баробари писарон, духтарон низ аз ҳуқуқҳои зиёд бархурдоранд”.
Вале  қаҳрамонии Самина дар ин ҷо анҷом напазируфта, балки бародару хоҳари кӯҳнавард  мақсад доранд, ҳафт қуллаи баландтарини ҳафт қитъаро фатҳ намоянд. Аз ин ҷост, ки  12 феврали соли  2014 сарфи назар аз барфу боронҳои зиёд баландии кӯҳи Килиманджаро - 5895м  фатҳ намуданд.  Дар ин росто кӯҳнавардонро “Гуруҳи дипломатии сайёҳӣ” дар ҳайати  сафоратхонаҳои кишварҳои  Аргентина,  Индонезии, Непал, Федератсияи Русия,  ИМА ва  меҳмонхонаи “Серена” аз ҷиҳати моддӣ ва техникӣ дастгирӣ мекунанд. Баъдан барои фатҳи қуллаи Гарстенз (4884м) ба Балии Индонезия мераванд ва нақша доранд ин  рисолаташонро  моҳи августи соли 2014 ба анҷом расонанд.  
Самина Байг ва Малола Юсуфзай аз шумори  намояндагони занонанд, ки яке бо ихтиёр намудани касби хоси мардона мисли кӯҳнавардӣ ва дигаре бо муборизаи худ бо толибон тавонистанд  пардаи  таассуб ва хурофотро  дарида, собит созанд, ки занон ва духтарони мусалмон низ қодиранд баробари мардон дар рушди ҷомеа ҳиссагузор бошанд. 

Райҳони Соҳибназар

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Народные Сказки и легенды | Добавил: amin (19.05.2014)
Просмотров: 937 | Теги: Райҳони Соҳибназар, Вахонидухтари куҳнавард | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info