Главная » Статьи » Разное [ Добавить статью ]

Сарсухани китоби "Вахон дар саҳифаҳои таърих"- и Одинамамад Мирзо

Омухтан ва фахмидани гузашта ва хозираи  кишвар шарти наслхои имруз дар назди наслхои оянда мебошад ва тарбияи ватанпарварона махз аз чои таваллуд ва макони зист огоз мегардад.

Аз тарафи дигар, таваччухи сайёхон ва мехмонони гуногунмарз  ба таърих ва диёри кухистонамон  беш аз пеш афзууда истодааст. Дар ин мавзуъ сухан дар бораи Вахоне меравад, ки дар худуди нохияи Ишкошими ВМКБ–и Точикистон вокеъ гардида, он 70 фоизи масохат ва 83 фоизи ахолии нохияро ташкил медихад ва чуноне, ки дар боло ишора намудем таваччухи хоричиён ба ин кишвар зиёд аст.

Сайёхи испани аз мардуми вахонзамин пурсон шуд :

-Чаро шумо дар ин кухсор зиндаги доред?

-Ватанамон хаст.

-Чи  шуморо дар ин чой нигох доштааст ?

-Таърихи ниёгонамон, ки мо онро пос медорем ва онро идома медихем.

-Оё дар ин кухсор пеш аз шумо одам зистааст?

-Таљрих ба ин гувост.

Олими чопони Мизошимо Казио доир ба вахонихои дунё барои асари илмиаш маъвод чамљ оварда, таърих, расму ойин ва фарханги вахихои Покистону Афгонистонро ба мардуми худ муаррифи намудааст.  У тобистони соли 2006 ба Вахони Точикистон ташриф оварда, бештар ба пайдоиши вахињо ва гузаштаи онњо мароќ зоњир намуд. Дар Бул ѓористон иддае аз сокинон бо номи “Вахандар” Вахонро ватани ачдодони худ мешуморанд. Академияи улуми  Булгористон ва донишгохи миллии  София тобистони соли 2008 барои омузиши сарзамини Вахон экспедитсияи илми ташкил намуданд. Илова дар бораи Сабина Доктори Донишгохи Уруумчии  давлати Чин (доктор Замир) ва вазири галлаи (округи) хавзаи Уйгуристони ин мамалакат вахи буда,  ватани бобогии худро аз Вахон мехисобанд, сокини Австралия (Гулом Мухаммад), ки аслаш аз Покистон аст, ватани бобогии худро Вахон мехисобад. Доктори илмхои филологи, корманди пажухишгохи  шаркшиносии Академияи Улуми Россия Лола Саломатшоева вахони буда бо хамватанонаш алокаи доими дорад.

Вахон. Номи ин диёри кухсори точик њануз дар китоби мукаддаси зардуштиён “Авесто” бо номи бахшояндаи неки ба кайд гирифта шудааст. Мардуми Вахон рохи  таърихии дуру дарозро тай карда омад ва яке аз саромадхои ориёихо ба хисоб меравад. Вахонихо аз кадим забон  ва расму оинхои худро нигох дошта то ба наслхои имруза оварда расонданд. Ачдодони кадими  худро сакоихо мешуморанд ва  имруз хам дар забони вахони  калимаи  “Сак” маънои чонишини  “Мо”-ро мефахмонад. Аз маълумотхои таърихи бармеоянд, ки  як гурух кабилахои сакои (VI - V пеш аз милод) ба сароби Ому ворид гашта  ин чойро маскани мукимии худ интихоб кардаанд. Холо авлоди онхо вахихо дар Точикистон, Хитой, Покистон ва Афгонистон зиндаги доранд.

Водии Вахон яке аз шохахои “Рохи бузурги абрешим” буд ва аз чихати мавкеи чугрофиаш дар рохи пайвастани  Бохтари кадим, Тахористону Фар ѓона, Туркистони шарки , Хиндустон, Чин ва Афгонистон истода дар таърихи Осиёи маркази  ва мамлакатхои бо он хамсархад накши калон бозид. Аз ин чихат олимони сершумори  сохахои гуногуни илм барои омузиши таърихи Бадахшон, хамаи манбахои  хаттиро бештар дар бораи Вахон омухтаанд .

Дар асрхои II – I пеш аз милод Вахон ва Шугнон  хамчун хонигарии мустакил вучуд доштанд. Аз маълумотхои сайёхон ва олимон (Сюан-Сзанљ, Хой-Чао, Ал-Беруни,  Марко Поло Ал-Якуби, А.Истахри) бармеояд, ки сархади давлатхои Вахону Шугнон дар хатти имрузаи сархадии харду нохия меистод. Дар асрхои баъдина сархад борхо тагйир ёфтааст. Сархади  охирини давлатдории Вахон ба худуди Намадгут (холо дехаи Дашт) ва Птури Афгонистон омада мерасид. Сархад аз каторкухи Хиндукуш то ба  каторкухи Вахон(холо каторкухи Шохдара) аз девор бунёд ёфта буд. Далели ин гуфтахо имруз вучуд доштани бунёди девор дар нишебии пуштакухи Вахон ва чарогох бо номи “Бахшга” мебошад.

Баъди таксимоти сархадии байни Англия ва Россия (1895) худуди Бадахшон, аз чумла Вахон ба ду кисм чудо мешавад. Хати сархад аз байни дарёи Панч гузашта, тарафи рости дарё ба хайати Точикистон  ва  сохили чап ба худуди Афгонистон дохил мешавад.

Дар солхои хокимияти Шурави (27 октябри соли 1932) дар хайати ВМКБ нохияхои Рушон, Бартанг, Шугнон, Рошткалъа, Вахон ва Мургоб таъсис меёбанд. Соли 1935 нохияи Вахон ба нохияхои Вахон ва Ишкошим чудо мешавад. Соли 1948 нохияхои Вахону Ишкошим якчо карда, нохияи Ишкошим таъсис дода мешавад.

Источник:  "Вахон дар саҳифаҳои таърих"

© Одинамамад Мирзо

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Разное | Добавил: amin (16.01.2015)
Просмотров: 2449 | Теги: книга о Вахане, Вахон дар саҳифаҳои таърих, Одинамамад Мирзо | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info