Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Дуструякони мо. Статья Саодатқадама Назаршоева

Чи як лаҳзаи шарбатборест,ки дуструякони мо фармонбардоранд, дар ин сину солашон фаолияти баланди маърифатиро доранд. Ахсан ба инҳо! Аз ин хушбахтарин касро намехонам, ки вақти худро бо ёд аз Худо биварзанд

Фаромини Имоми Вакт зиндагии рухони ва моддии муридро шакл медиханд ва ин чунин тарзу шеваи бархурдро бо проблемахои дунёи муосир барои чамоат, умма ва башар таъмин месозанд. Фаромин Қуръон ва таълимоти исломиро бо нигаҳ доштани чавҳари дин ва тағийри шакл тибқи ниёзи давру замон таъбир мекунанд. Имоми Вақт мувофиқи ақидаи мо офтоби дин аст ва фаромини у чун нурҳоеанд, ки аз манбаи асли тобида, роҳи муридро суи манзили охират рушан месозанд. Ҷараёни бо имони комил мутоила, гуш кардан ва ба амал гирифтани фаромин мисоли кушода шудани даричаҳои хонаи вуҷуди ботинии мост ки имкон медиҳад, руҳ ва ақли мо мунаввар шаванд. Чун нур (таълим)-и фаромин ботини муридро рушан месозад, ба ин васила нияту афкори мурид табдил меёбад ва дар натиҷа қазоват ва интихобҳое, ки мурид зери партави ин нур мекунад, ба у имкони фарк гузоштан байни хаққу ботил, хубу нохубро медиҳанд. Ин як протсесс (раванд)-и пешраванда аст. Дар забони умуми ин раванд фармонбардори номида шудааст ва тибқи истилоҳоти қуръони бо номи итоат ёд мешавад. Чун нияти мурид зери партави нури фаромин табдил меёбад, он ният ранги (бо забони куръони сибгатуллох) худоиро мегирад чун ранги Худои нур аст......... Бошад, ки нури Худованди бениёз дар қалбҳои шумо, ва дар хонадони яко-яки шумо азизонам лабрез гардад.

Саодатқадам Назаршоев

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (31.05.2014)
Просмотров: 511 | Теги: Саодаткадам Назаршоев, намадгут | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info