Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Иди пирӯзӣ - Саодатқадам Назаршоев.

    Мо 70-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осойиш аз корнамоиҳои неки иштирокчиёни ин набарди таърихӣ ба неки ёд мекунем.
Имрӯз сипосманд аз он ҳастем, ки Мардони бо нангу номуси деҳаи Намадгут ба монанди Мамадраҳимов Рамадон, Қурбоншоев Маъруф Алифшои Мадшо, Султонмамадов Мирзохон, Шомастонов Абдуламид ва чандин - собиқадорони муҳтарам, ки аз рустоҳои Тоҷикистон ва аз ҷумла Бадахшон дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона ҷангида ва инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд,тоза хотираи неки ҳамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар қалбҳоямон ҷовидонмеисобем. Ҳоло мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва ҳисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид.


    Тарҷумаи ҳоли Мамадрахимов Рамадон!
    Мамадраҳимов Рамадон иштирокчии Чанги Бузурги Ватани буданд!
Мамадрахимов Рамадон соли 1924 дар дехаи Намадгути нохияи Ишкошим,ВМКБ ба дуне омадааст.Кисмату зиндагиаш на он кадар ширин буд,зеро у дар синни хурдсоли аз мехри волидонаш бенасиб монда буд ва дар хонаи кудакони шахри Хоруг ва Душанбе ба воя расидааст.Баьди хатми мактаби 7_сола чун толибилми пешкадам ба омузиши ФЗО и шахри Душанбе фиристода мешавад .Соли 1940 онро хатм намуда дар нохияи Файзобод ба кор шуруь мекунад.Мохи сентябри соли 1942 бо хамрохии дигар чанговарон дар фронти якуми Украина дар озод намудани шахрхои Житоми,Бердичев ва Шепетовкаи Украина ба мукобили душман мечангад.Мохи марти соли 1944 сахт захмдор шуда то мохи сентябри соли 1944 дар беморхонаи харби табобaт мекунад.Баьди табобат ба шахтаи нохияи Камини шахри Шахта ,ки фронти дуюм хисоб меефт,ба кор фиристода мешавад.Соли 1946 Мамадраимов Рамадон аз сафи армия чавоб шуда бо сари баланд ба ватан баргашта ба медали”Ордени Ленин”мушарраф мегардад.Хамин тавр сохиби панч медал мегардад.Аз соли 1946 то 1960 дар идорахои давлати ба вазифаи мухосиб софдилона кор мекунад.Аз соли 1960 то охири умраш дар шуьбаи алокаи дехаи Намадгут кор мекунад.Мамадраимов Рамадон 20 уми октябри соли 1982 баьди бемории меьда дар синни 58 солагӣ вафот мекунад.


    Тарҷумаи ҳоли Қурбоншоев Маъруф!
    Соли 1918 дар деҳаи Намадгут дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатии Қурбоншоев М баъди хатми курси куҳтомуддати муалимтаёркунии шаҳри Хоруғ сар мешавад.У то соли 1935 дар қишлоқҳои гуногун ноҳияи Ишкошим ба вазифаи муалими кор кардааст. Аз соли 1935 сар карда то соли 1942 комитети камсамол шуъбаи маданят ва таъминоти ичтимоии ноҳия кор кардааст. Қурбоншоев М ба соҳаи санъат шавқи беандоза дошт. Соли 1942 вақтеки ҷанг сар шуда буд, Маъруфро ҳам ба муҳофизати Ватан Модар дават мекунанд. Аз соли 1942 то соли 1945 аз озодкунии хоки шурави сар карда то озод намудани Полша расидааст. Қурбоншоев Маъруф дар ҷанг сахт ярадор мешавад у то моҳи феврали соли 1946 дар госпитали эвакуационии №3612 – и Полша хоб равтааст ва маҳи феврали ҳамон сол дар ҳамин гаспитал вафот кард. Ҳоло Қурбоншоев Маъруф дар Полша шаҳри Познань кучаи Вишниевская қабристони №125 маҳфуз аст.

  
Тарҷумаи ҳоли Султонмамадов Мирзохон!
   Тахминан дар соли 1925-26 дар деҳаи Намадгут дар оилаи дехқон таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатии вай аз давраи ҳисобчии қолхоз сар мешавад. Баъд аз он Султонмамадов Мирзохон солҳои дароз ба вазифаи мудири магазини деҳаи Намадгут таъин шуда кор кардааст. Хабари ҷангро шунида Мирзохон нисбат ба душман нафрат пайдо намуда бо аризаи шахсиаш ихтиёранд ба муофизати Ватан Модар меравад у ба муқобили душман то нафаси охиринаш мардонавор ҷангида ҳалок мегардад.

   Ғалабаи беназири онҳо бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.
Дарвоқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои талх ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ баланд аст.
Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад. Дар ин айёми муборак ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу менамоям.
Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш нахоҳем кард!!! Азизон биёед дасти дуо бардорем то аз Худованди бениёз талаб кунем, ки руҳи онҳоро шоду хонаи охираташонро обод бигардонад. Хонаобдон!!! Хонаободон!!! Хонаободон!!!

Саодатқадам Назаршоев.


Все статьи Саодаткадама

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (11.05.2015)
Просмотров: 792 | Теги: Саодатқадам Назаршоев, Мамадраҳим Рамадонов, рӯзи ғалаба, намадгут | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info