Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Очень красивая стихотворение от Саодатқадама Назаршоева

Аз он ҷоям, ки қадамгоҳи Алӣ ал-Муртазо бошад,

Аз он ҷоям, ки дар он қалъае то осумон бошад.

Аз он ҷоям ки ҳар санги сари роҳаш,

Китобе аз гузашти Тоҷикон бошад.

Макони ганҷи зару зевараш Зерев,

Ниҳон дар қаҳри куҳои Вахон бошад.

Гар Намадгутро зи қарнҳо диёри меваҳо гуянд,

Кунун равшангари ҳар деҳаву ҳар хонадон бошад.

Диёри мардуми фарҳангпарастон аст Намадгут,

Ба таъқиқ чун биҳшти руи ҷаҳон бошад.

Зи куҳсори баланд оби равонаш бар диёр ояд,

Шитобону давон суи хоки Шоҳи Мардон ояд.

Бифахрам дар ду олам ман ба зодгоҳи падарҷонам,

Ман, ки фарзанди ин зебодиёри Шодмон бошам.

Ба суи ин диёри нозанинам Муртазо Дулдулсавор омад,

Шитобону давон суи мо бо амри Яздон омад.

Бо ҳукми Ҳақтаъоло баркашид як наъраи охир,

Биларзид аз замин то осмон, шуд халқ дар таҳайюр.

Бизад бар гардани Қаҳқаҳ бо дам Зулфиқори худ,

Бияфтид бар замин он хунхору беасар монд зуд.

Чунин аст таърихи зебодиёри ман - Намадгутҷон,

Ки ҳасту буду бошад то абад бо ман басо ҳамсон.

Кунун дорем қадамгоҳи Шоҳи Мардон дар деҳа-м,

Ки будаст амри Яздон ин бар хоки ниёгонам.

Бифахрам дар ду олам ман ба зодгоҳи падарҷонам,

Ки ман фарзанди он зебодиёри Намадгутҷонам.

Саодатқадам Назаршоев

 

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (12.05.2014)
Просмотров: 737 | Теги: Саодаткадам, тихи | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info