Главная » Статьи » Достопримечательные места [ Добавить статью ]

"Чилтанони нек" - дар эътикоди мардуми Помир

Дар водии Вахон чойхои мукаддас, ки бо калимаи рамзии «Чил» сар бо номи «Чилмурид» дар дехаи Внукут, дар Зумудг «Чилхона», дар дехаи Зунг «Чилтан» ва хоказохо зиёданд.

                           
Соли 1998 дар рузномаи «Бадахшон» маколаи «Чилтанони нек дар эътикоди мардуми Помир» ба нашр расид, ки аз тарафи устоди кафедраи таърихи ДДХо Каландаров тахия гардида буд, ба нашр расид. Ва устод дар маколааш рочеъ ба пайдоиши «Чилтанон» овардааст: Одамон ба мукаддасот ва тавоноии «Чилтанон» бовари дошта уро радкунандаи тамоми балохо мехисобанд.
Чуноне ки аз маколаи устод Каландаров маълум мегардад, ки ин гуна остонхо на танхо дар Вахон балки дар нохияхои Рошткалъаю Рушон ва Ванч низ мавчуданд. Пас аз ин кадамгохи «Чилтанон» ба таърих ва мазхаби мардуми Бадахшон сахт алокаманди дорад.
Кадамгохи «Чилтан» дар худуди дехаи Зунг мавзеи Thирч, дар баландии 8 км аз деха вокеъ гардидаст. Кадамгох аз як дарахти калон, ки гирдогирдаш такрибан 5 м меояд, иборат аст. Дарахт ба оилаи дарахтони пахнбарг дохил мешавад. Ин дарахт дар дохили бог чойгир шудааст.


А А Бобринский дар бораи «Чилтанон» чунин ривоят овардаст:
Аз шохе як духтар будааст ва ин духтар чил канизак доштааст. Дар як вакт ин чил канизак хомиладор мешаванд. Шохх аз ин хабардор шуда онхоро дар гумбаз шинонда баъди чанд руз онхо кудак таваллуд намуданд. Баъди таваллуд онхо ба хар тараф фирор намуданд, кудакон бо кувваи гайби калон шуданд. Вакте ки ин калон шуданд, аз масофе ки аз модархояшон боки монда буд, ба худ лунги духта ба шахр барои чамъ кардани садака баромаданд. Онхоро хамчун «Чилтанон» ёд мекунанд.
Дар мардуми Вахон доир ба «Чилтанон» чунин ривоят мавчуд аст:
Дар замонхои кадим марде дар баландии Thирч зиндагони мекарданд. Онхо замин ва чорвои зиёде доштанд, вале ягон фарзанд надоштанд. Зану шавхар дар фироки фарзанд буданд. Дар яке аз рузхои гарми бахорон мард саргарми кишту кори замин буд, ки нохост чашмаш ба як пирамарди нуроние, ки дар назди чашма нишаста буд, афтод. Мард эхтиромона сар фуруд оварда салом медихад. Онхо муддате гуфтугу намуда, аз ахволи хам огох гаштанд. Пирамард ба марди сахи ру оварда аз ахволи фарзандон пурсон шуд. Мард аз пурсиши пирамард ранчур шуда, аз ду дидааш ашк чори гашта посух дод ки гайр аз моли дунё чизе дигаре надорад.
Пирамард баъд аз шунидани ин суханон мардро тасалло дода асояшро ба замин халонда ва ба мард гуфт, ки ин нихолро хамчун ёдгори парвариш карда , номи онро «Чилтанон» диха. Мард аз ин кирдори пир дар хайрат монда фикр кард ки ин хушкасо кай дарахти гул шудааст. Пирамард даст ба багал бурда себеро баровард ва ба мард дароз кард ва маслихат дод, ки себро бо хамрохии занаш ду пора сохта хамрох бихуранд, иншоллох дарди бефарзадиро даъво бахшад. Мард аз ин гуфтахои пир дилшод гашта хост ба у миннатдори намояд, лекин у аллакай аз чашм нопадид гардида буд. Мард ба хона расид, хамаи вокеъаро ба занаш гуфт ва харду себи додагии пирро ду пора сохта хамрох хурданд.
Мард рузе назди он асое ки пир шинонда буд рафт ва дид, ки асо мисли нихоли навруста сар то по сабз шудаст. Аз ин вакт сар карда мард хар сахари ин нихолро об медод ва нигохубин мекард. Як сахари мард бо мухаббати об додани кишт суи киштзор равон гашт. У ба киштзор расида саргарми кор шуд, ки худхуде сари санги нишаста бо забони худ суи дехкон гуё сиреро мекушод. Мард аз овози худхуд пайхас кашид ва суи хона шитофт. Вакте мард вориди хона гардид дид, ки занаш чил писар таваллуд кардаст. Баъд марду зан дар хайрат шуданд ва фикр намуданд, ки дар ин рузгори сахт чил фарзандро си тавр тарбия менамоянд. Баъд ба хулосае омаданд, ки аз байнашон як тифлро интихоб кунанд ва дигаронро ба тарафи кухи Жуй, ки шимолтари Thирч вокеъ аст, баранд. Мард кудаконро ба ба сабаде андохт ва ба кухи Жуй равон шуд. У тифлаконро зери кафидае санге гузошта ба хона баргашт.


Аз ин хол чанд сол гузашт ва ягон кас вокифи ин сир нашуд. Тифлеро ки мард бо худ гузошта буд, аллакай ба хар кори падар ёри мерасонд. Рузе мард озими кухсор мегардад ва дар рох ногох чакшмаш ба кудакони сершумор афтод, ки дар маргзор машгули бози буданд. Мард тачубона ба тифлон нигох мекард, ки ногох рамае аз охувон аз кух фуромада, хар яки тифлаконро хам чун модар бо шири худ сер кардан гирифтанд. Мард ба хона баргашта хамаи инро ба занаш накл намуд. Аз ин вакт зан ба назди тифлакон рафтани падарро хар сахар талаб мекард. Мард хар сахар назди тифлакон мерафт. Рузе зан ба мард гуфт, ки дасти фарзандатро бигир ва у низ мехохад аз танхои ба худ хамрохе пайдо бикунад. Онхо хар руз ба кух мерафтанд ва бо хам бози мекарданд. Вакте ки тифлакон ба онхо наздик омадани падарро медиданд зуд зери санг чо мешуданд. Мард аз рафтанаш хар руз ба кух безор шуд хост байни эшон тифлеро хамрохи фарзандаш оварад. У ба писараш чунин маслихат дод, ки вакти ба назди додарон расидем муддате бо онхо бози намуда , якеро аз даст гирифта то омадани ман нгигох дор. Писар ин суханонро кабул намуд. Падар зери санг пинхон шуд ва додарон саргарми бози шуданд. Нохост тифл аз дасти бародараш махкам дошт ва омадани падарро интизори кашид. Чун тифлакон омадани падарро бидиданд хар дуро зери санг кашиданд. Падар чун ин холатро бидид гиребон чок кард ва гирёну нолон назди занаш омад. Зан низ чун ин холатро бидид гирён шуд ва хар ду ба чустучуи фарзандашон баромаданд. Дар рох назари онхо ба пире афтод ва назди у рафта хидмат намуданд ва вокеаро ба пир накл намуданд. Пир ба онхо гуфт, ки бе амри Гаффор ман наметавонам сахви шуморо бубахшам. Шумо аз хобу хурдашон тарсида онхоро берахмона зери санг партофтед. Окибат дидет ки сохиби замон чи тавр охувонро бахри онхо доя ва санги хороро барояшон бистар намуд. Хукми яздон он нест, ки чил писар назди шумо баргардад. Кирдигор факат як писарро, ки бо ранчу азоб калон намудаед, бахшидааст. Пир даст суи осмон бурда дуо менамояд. Ногох кух кафиду аз дохили он чил писари аблаксавор берун омаданд.
Пир ба чавон ру оварда амр намуд, ки туро амр аст, ки ба падару модарат хизмат куни ва аз харакату баракати онхо файз хохи ёфт. Ба дигарон бошад амр ки хамчу мурге ба осмон пар зада ба хар диёр рахсипор шаванд ва рахнамои халк бошанд. Чун ба хар маконе ки маскан гирифтанд он маконро «Чилтанон» ном ниханд.

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Достопримечательные места | Добавил: amin (09.07.2014)
Просмотров: 1222 | Теги: Зирч | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info