Главная » 2014 » Сентябр » 17 » ТИҶОРАТИ ВМКБ; ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТ.
12:09
ТИҶОРАТИ ВМКБ; ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТ.
ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲА
Вохӯриро ифтитоҳ намуда, раиси вилоят иттило дод, ки рӯзҳои 15- 16 октябри соли равон вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони мамлакат дар назар аст. Аз вилояти мо дар ин чорабини 200 нафар намояндагони соҳибкорон ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ширкат хоҳанд кард. Аз ин хотир зарур аст, ки масоили вобаста ба мушкилот ва рушди минбаъдаи соҳаи сохибкориро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят мавриди баррасӣ қарор дода, барои пешрафти минбаъдаи он дархосту пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоем. Маҳз ба ин мақсад, афзуд раиси вилоят аз 1 январи соли 2015 андоз аз фоида кам ва аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард кам карда шуда аз 1-уми январи соли 2017 дуввуми умуман бекор карда мешавад. Инчунин дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ташкил шуд. Бо супориши Президенти мамлакат дар 7 соли оянда ба Фонди мазкур аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Маблағҳои Фонди мазкур дар навбати аввал барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯхистон пешбинӣ шудаанд. Аз хусуси муваффақияти соҳибкори дар вилоят истода Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки фақат имсол аз 24 лоиҳаи пешниҳодгардида аллакай 7 лоиҳаи бизнесии соҳибкорони вилоят дастгирӣ ёфтанд. Дар давоми се сол беш аз 80 бизнес- нақшаҳои гуногунсоҳа таҳия гардида, дар маҷмӯаи махсус чоп гардиданд ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ пешниҳод шуданд. Аз натиҷаи «Форуми сармоягузорон ва донорҳо «ПамирИнвест2014», ки дар он зиёда аз 200 нафар мутахассисони варзидаи кишвар ва меҳонони хориҷӣ иштирок намуданд, оиди ҳамкорӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани захираву имкониятҳои табиии вилоят 17 қарордод ба имзо расиданд. Зинан Раиси вилоят оиди саҳмгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар рушди иқтисоди вилоят аз ҷумла қайд намуд, ки тӯли солҳои истиқлолият дар вилоят зиёда аз 17 лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак ба маблағи зиёда аз 617 млн. сомонӣ амалӣ гардида, айни ҳол барномаҳои беҳтар намудани обтаъминкунии аҳолии шаҳри Хоруғ ба маблағи зиёда аз 15 млн. сомонӣ, сохтмони марҳилаи 3-юми роҳи мошинагарди Шохон-Зигар ба маблағи зиёда аз 20 млн. доллари ИМА дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти байналхалқии JICA Ҷопон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди деҳоти наздисарҳадии вилоят шартнома ба имзо расонд, ки тибқи он барои рушди онҳо ба мӯҳлати се сол 2,8 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо карда шуда, имсол 44 лоиҳаи самти иҷтимоӣ амалӣ мегарданд. Ҳамчунин ҳамкориҳо ва гуфтушунидҳо, баъди дар сатҳи ҳукуматҳои Тоҷикистону Хитой ҳал гардидани масъалаи ба таври доимӣ фаъолият намудани гузаргоҳи сарҳадии Қулма, дар сатҳи минтақавӣ бо роҳбарияти вилояти Қошкари Ҷумҳурии Халқии Хитой идома доранд. Бо вилояти Бадахшони Афгонистон ва инчунин Вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон аллакай созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, гурӯҳҳои кории муштарак фаъолият карда истодаанд. 700
СОҲИБКОР ТАРКИ КАСБ НАМУД
Дар маҷмӯъ, хулоса намуда гуфт раиси вилоят, солҳои охир барои фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои рушди минбаъдаи бахши соҳибкорӣ чораҳои зиёд андешида шуданд. Вале рушди ин соҳа дар вилоят ҳанӯз назаррас нест. Соли ҷорӣ 2174 соҳибкорони инфиродӣ бо патент ва 864 соҳибкор аз тариқи шаҳодатнома фаъолият намуда истодаанд. Соли гузашта қариб 700 соҳибкор, фаъолияташонро қатъ намуданд. Соли ҷорӣ ин рақамҳо боз ба 98 адад кам гардиданд. Маблағи воридшуда аз соҳибкороне, ки бо патенту шаҳодатнома андозбандӣ мешаванд, ночиз буда дар як моҳ мутаносибан 90 ва 191 сомониро ташкил медиҳад.
РУШДИ СОҲИБКОРӢ БА БОНКҲО ВОБАСТА АСТ
Рушди соҳибкорӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолият ва хизматрасонии самарабахши бонкӣ вобаста аст. Соли 2013 бонкҳо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 145,7 миллион сомонӣ маблағгузории қарзиро анҷом доданд. Аз маблағи қарзӣ барои соҳаи кишоварзӣ 7,5 фоиз, истеҳсолот 0,9 фоиз дода шудааст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бошад, ба маблағи 116 млн. сомонӣ маблағгузории қарзӣ анҷом дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Агар сармояи қарзиро ба иқтисодиёти вилоятамон аз соли 2000-ум то ҳафтмоҳи соли 2014 таҳлил карда бароем, маблағи 764,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Вале ҳоло дастгирии молиявии соҳибкорони хурду миёна аз тарафи бонкҳо тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои пешниҳоди қарз, зиёд намудани ҳаҷми захираҳои кредитӣ, паст кардани фоизҳои бонкӣ ва бемамониат гирифтани қарзҳо ба таври зарурӣ ҳалли худро наёфтааст. Инчунин ҳаҷми қарзҳои хурди молиявии пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ нест. Аксарияти карзҳои додашуда бо 35-38 фоиз дода шуда, ба рушди истеҳсолоти воқеӣ мусоидат намекунанд. Қобили зикр аст, ки бисёр соҳибкорон дар самтҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳо дар бахши савдо ва хизматрасонӣ, кӯмак ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат корҳои шоистаро анҷом медиҳанд. Агар фақат соли ҷориро таҳлил кунем бо иштироки соҳибкорон дар қаламрави вилоят 74 иншоот бо арзиши 46,3 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар шароити кӯҳистон барои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир имконияти мусоид вуҷуд дорад. Айни ҳол бошад танҳо 0,3 фоизи меваҷот ва 0,5 фоизи сабзавоти дар ҳудуди вилоят истеҳсолшаванда коркард карда мешавад. Инчунин ҳар сол бештар аз 30 ҳазор дона пусти ҳайвони шохдори калон ва бештар аз 150 ҳазор дона пусти моли майда ноистифода мемонад. Самти дигари ояндадори рушди иқтисодии вилоят сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ мебошад. Равшан аст, ки Помири баландкӯҳ бо хусусияти хоси табиии худ, ҳавои тоза ва об, флора ва фаунаи махсус, обҳои шифобахши термалӣ барои рушди экотуризм макони аз ҳама мусоид маҳсуб меёбад. Дар соҳаи саноат раиси вилоят таваҷҷӯҳи соҳибкоронро бештар ба ширкаташон дар коркарди сангҳои қиматбаҳо, растаниҳои шифобахш, обҳои мениралӣ, хамчунин ташкили корҳонаҳои хурди дузандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, коркарди маҳсулоти дигар соҳаи агросаноатӣ ҷалб намуд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳарчанд аксари корхона ва сехҳои саноатӣ фаъолияташонро беҳтар намуда бошанд ҳам, ҳоло бо иқтидори пурраи истеҳсолиашон кор намекунанд. Нақшаҳо дар самти истеҳсолоти воқеӣ ва рақобатпазир қонеъкунанда нест. Аз 63 млн. сомонии маҳсулоти истеҳсолшуда фақат 5 млн. сомонӣ, ё 8 фоизро истеҳсолоти воқеӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар корхонаҳои калонтар зиёд кардан зарур аст.
СОҲИБКОРӢ ВА СОХТМОН
Дар ин давра фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон, ки ба корҳои сохтмонӣ машғуланд, беҳтар гардид. Махсусан, дар ин самт фаъолияти ҶСП «Барқи Помир», КММ «Бунёд» ва ҶММ «Худоёрбек»-и Шуғнон, ҶДММ «Панҷ» ва “Назрӣ”-и Хоруғ ва ҶСП «Бадахшон ТАДЭС» назаррас мебошад. Бо вуҷуди ин сифати корҳои сохтмонӣ дар бештари иншоотҳо паст аст. Аксарияти ташкилотҳои сохтмонии вилоят аслан барои пешбурди корҳои сохтмониву таъмини сифати баланди иншоотҳо аз таҷҳизоти замонавӣ ва кормандони баландихтисос таъмин нестанд. Барои рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон пурқувват намудани базаи корхонаҳои сохтмонӣ зарур аст. Солҳои охир дар сохтмони иншоотҳо масолеҳи замонавӣ, ки сабук ва арзонтар мебошад, васеъ истифода шуда истодааст. Бинобар ин таҷдиди заводи маснуоти оҳану бетон, сохтмони заводи семент дар вилоят ва дастрас намудани таҷҳизоти босифати лозимӣ имрўз яке аз вазифаи муҳими соҳа маҳсуб меёбад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар тамоми дунё сохтмони биноҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибкорон ба роҳ монда мешавад. Аз ин лиҳоз ба соҳибкорони боқуввати вилоят зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохтмони манзилгоҳро зиёдтар ба нақша гиранд. Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар мадди аввал шаҳри Хоруг зарур аст, ки дар ҷудо намудани ҷой барои сохтмони хонаҳои бисёрошена ба соҳибкорон мусоидат намоянд. Дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасонӣ ва савдо ҳиссаи соҳибкорон зиёд гардид. Дар ҳафт моҳи соли 2014 шумораи корхонаҳои амалкунанда ба 412 адад расида, ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ 42,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2010 2,7 маротиба зиёд мебошад. Даромад ба буҷа низ аз ҳисоби соҳибкорон зиёда аз 5 млн сомониро ташкил дод. Фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ низ аз сол ба сол такмил ёфта истодааст ва саҳми онҳо махсусан дар тиҷорат ва хизматрасонӣ ба таври назаррас меафзояд. Дар ин ҷода зарур аст сифати хизматрасонӣ, тозагии бисёрии нуқтаҳои хизматрасонӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба афзоиши намудҳои хизматрасонӣ то ҳол аҳамияти ҷиддӣ равона нагардидааст. Масалан тозакунии кимиёвии либос, ки барои аҳолӣ хеле зарур мебошад, дар вилоят ҳанӯз ташкил нашудааст. ТАНЗИМИ
НАРХ ЗАРУР АСТ
Масъалаи дигаре, ки ҳалли фаврии худро тақозо дорад, ин танзими нархҳо дар бозорҳои вилоят мебошад. Ба соҳибкорон зарур аст, ки ба болоравии ғайриобъективии нархҳо роҳ надиҳанд. Ба Хадамоти зиддиинҳисории вилоят, раёсати андоз лозим аст, ки нархҳоро таҳлил намуда, танзими онҳоро зери назорат қарор диҳанд. Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва густариш додани ин соҳа дар вилоят пешниҳод гардид, ки механизми қарзгирӣ содда ва барои дарёфт намудани он аз хориҷи кишвар мусоидат карда шавад. Қисми зиёди қарзҳо ҳаҷман хурд, фоизи баланд ва ба мӯҳлати то як сол дода мешаванд, ки ин ба рушди истеҳсолот чандон мусоид нест. Тибқи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оиди танзими масъалаҳои ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зонаи сарҳадӣ 25 км. муайян шудааст, бинобар ин шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба вилоят маҷбур мешаванд, ки иҷозатномаи махсусро гиранд, ки ин барои ҷалби сармоягузорон ва сайёҳон монеа эҷод мекунад. Ташкили Консулгарии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Хоруғ барои густариши равобиту ҳамкориҳои миёни вилоёти ҳамҷавор мусоидати бештар хоҳад кард. Роҳандозӣ намудани рафтуомади сайёҳон тавассути гузаргоҳи Қулма миқдори воридоти сайёҳони хориҷиро дучанд зиёд мегардонад.
 
 
 
P.S Если вам понравился материал поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:

Читайте также:

  1. Бахроми вахони поет и играет на гитаре част II
  2. Студенты ХоГУ Новые чемпиноы Ишкашима 5-ого соревнование по воллейболу 2015.
  3. В раздел Видео добавлено: Ваханский реп - Слайд - шоу
Категория: Разное | Просмотров: 46512 | Добавил: amin | Теги: ТИҶОРАТИ ВМКБ ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТ., Новости
+6
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info