23:20 РОҲИ НАВИ МОШИНГАРД МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН | |
Лоиҳаи пайвасткунии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон - Покистон (Ишкошим - Читрол) тавассути долони Вахони Афғонистон ба барномаҳои давлатии самоягузориҳо, грантҳо ва сохтмонҳои асосии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 ва 2014 - 2016 ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба TojNews хабар дод. Бино ба иттилоъи расмӣ, барои бунёди ин роҳ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) айни ҳол ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ кор бурда мешавад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон яке аз сабабҳои асосии сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаи сохтмони роҳи Ишкошим - Читролро тариқи долони Вахон, ба мушкили дастрасӣ ба сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ рабт медиҳад. Яке аз монеаҳои асосии дигар ин аст, ки роҳи лоиҳавӣ аз минтақаҳои душворгузари куҳӣ мегузарад. Барои кори боэътимоди коридори нақлиёти Ҷануб - Шимол дар самти Покистон - Тоҷикистон тариқи Афғонистон таҷдиди қитъаи мавҷудаи роҳи Хоруғ - Ишкошим бо мутобиқнамоии нишондиҳандаҳои техникии роҳ ба талаботҳои стандартҳои муосир зарур мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур андешида истодааст, -қайд карданд дар вазорат. Сохтмони роҳи мошингарди Ишкошим - Читрол тавассути долони Вахони Афғонистон ба Тоҷикистон имконияти баромадан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Файзобод) ва Ҷумҳурии исломии Покистонро фароҳам меорад. Ин роҳ бозори транзити 30-40 ҳазор контейнер бори Афғонистонро аз Чин ба вуҷуд оварда, сабаби пастравии нархи ғизо ва масолеҳи сохтмонӣ дар Бадахшон шуда метавонад. Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки кушода нашудани роҳи Ишкошим-Читрол, ки ҳанӯз соли 2009 аз ҷониби Покистон пешниҳод шуда буд, на ба сабабҳои иқтисодӣ, балки сиёсӣ рабт дорад. -Боз шудани долони Вахон аҳамияти геостратегии Тоҷикистонро афзуда, як гуна натиҷаҳои "Бозии Бузург"-и миёни Русияву Инглистонро, ки Осиёи Марказиро миёни худ бо "хати Дюран" (қад-қади дарёи Панҷ) тақсим карда буданд, зери суол бурдан аст. Илова бар ин, рушди иқтисодии Бадахшон ба абарқудратҳо, бахусус ба Русия писанд нест. Барои Маскав ин маънии аз даст додани нуфузашро дар ин минтақаи муҳим дорад, -мегӯянд коршиносон. P.S Если вам понравился материал поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:Читайте также: | |
Категория: Срочное новости | Просмотров: 622 | | |
Всего комментариев: 0 | |