Главная » Статьи » Стихи [ Добавить статью ]

Аз Давлатшо Зуробеков ба Ҳабибов Амирбек

19-06-1972

 



Офарин бодо дурахшон кардаи ,

Қисса аз ганҷи Бадахшон кардаи.

Меҳнате аз сидқи дил баҳри Ватан,

Ёде аз номи бузургон кардаи,

Соҳибони дафтару девонро.

Бар ҳама халқи Ватан онро намоён кардаи,

Гавҳари қиммат ба зери хок монда солҳо.

Ба камоли маърифат ҷумла намоён кардаи,

Суфиву Ҷафар,Назаршову Ҷамил.

Ошно бо дустони Тоҷикистон кардаи,

Карди меҳнат,то шавад ганҷи бадахшон ошкор.

Обруи маърифат бар хеш арзон кардаи,

Аз дилу ҷон ман туро табрику таҳсин гуямат.

Гавҳари деринаро беҳад фаровон кардаи,

Эй Бадахшон зодагонат нуқтасанҷони замон

Тоза гул корида буяшро парешон кардаи,

Ман шудам хурсанд Амирбеки Бадахшони азиз.

Ту писар аз номи некаш гавҳарафшон кардаи,

Боз Давлат бори дигар офаринҳо хонадат.

Орифони номгуро зинда ба ном кардаи

Давлатшо Зуробеков

Смотреть ответ Ҳабибова Амирбека Давлатшо Зуробекову► ► ► 

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Стихи | Добавил: amin (27.09.2014)
Просмотров: 521 | Теги: Ҳабибов Амирбек, поэзия, Давлатшо Зуробеков | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info