Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Cаодатқадам Назаршоев дар бораи шеъри тоза эъҷоди Устод Sadonsho, ки дар васфи "Деҳаи зебо манзари Намадгут...."

Хушнудам, ки имрӯз ахиран фурсат пайдо кардаму шеъри тоза эъҷоди Устод Sadonsho-po, ки дар васфи деҳаи зебо манзари Намадгут, ки чанд рӯз пеш худи Устод ба қалами зоҳириаш рӯи қоғаз оварда буд. Ба падарам дар суҳбати телифониамон гушрас намудам:

Сабзии ҳусни баҳорони Ту бошад дилписанд,
Бар мисоли аҳли мулкам мардумат ҳимматбаланд.
Ҳусне афзун мекунад куҳат ба халки сарбаланд,
Ай Намадгут- деҳаи ман, зеби Ишкошим Туи, 
Таьриху ҳам шеваи ман, зеби Ишкошим Туи!

Қаллаъи Ту ёдгори миллати бостони Туст,
Аҳли фарҳангат давоми олами ирфони Туст,
То зиёи хусни маҳруёни бас хубони Туст:
Ай Намадгут- деҳаи ман, зеби Ишкошим Туи,
Таьриху хам шеваи ман, зеби Ишкошим Туи!

Дуст медорам Туро, мисли дигар ҷой Ватан,
З-он,ки бар ман ҳиссаи,аз зарраи Мулки Куҳан,
То Саъдоншоҳ васфи Ту бинмуда дар ҳар анҷуман,
Ай Намадгут- деҳаи ман, зеби Ишкошим Туи,
Таьриху хам шеваи ман, зеби Ишкошим Туи!

Падарам Оли гуфту фурсате хомуширо пеша намуд. Камина гумон бурдам, ки алоқа қат шуд, аммо садои атроф ба гӯшам тозаву айён мерасид. Баъдан Падарам ба шеъру истедоди устод Саъдоншо тариққи назм чунин посух дод:

Солҳо мегузаранд, моҳҳо мегузаранд,
Ёд аз он, фаслу замон мемонад.
Наслӣ одамӣ ҳам буду бувад,
Лек фарди боҳикмат аз он насл, нишон мемонад.

Ман нишони бо нишон, аз насли Улфат дидаам,
Дар нишасту маъниаш, меҳру садоқат дидаам.
Дар вуҷудаш, дар суҷудаш, сад фаросат дидаам,
Саъд бизӣ, садҳо бизӣ, меҳрат ба ҷон мемонад.

Ту барои мулку маъвоят, макони шавқатӣ,
Ҳам адибу ҳам абиб аз олу ҷони Улфатӣ.
Улфатӣ дар сӯҳбатат маънои томи улфат аст,
Фард ҳастӣ, мард ҳастӣ, номи некат ҷовидон мемонад.

 

 

 

Саодаткадам Назаршоев

Все статьи Саодаткадама Назаршоева

 

 

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (23.11.2014)
Просмотров: 881 | Теги: намадгут, вахан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info