Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Ривоят - Шоҳи мардон

       Шоҳи мардон, сирри Яздон, қуввати Парвардигор, Лофато илло Али ло сайф илло Зулфиқор "нест ҷавонмарде мисли Али ва нест шамшере чун Зулфиқор" Ривояте аст, ки гуё Ҳазрати Али ҳангоми набард дар деҳаи имоми Ғунд ғолиб баромада, баъдан ба ғор медарояд, ки он номи Муҳаммад Боқир дорад. Ва дар саргаи Шохдара дар қишлоқи Нимов аз ғор мебарояд, ки он ҷойро қадамгоҳи Шобдоли Вали мегуянд. Чун боз ба ғор медарояд ва хушбахтона қудуми мубораки он Ҳазрат дар Намадгут берун меояд ва бо Қаҳқаҳ меҷангад, ва уро ғолиб меояд, ки ин маконро қадамгоҳи Шоҳи Мардон мегуянд, ва чун бори охирон вориди ғор мегардад ва дар Афғонистони Ишкошим зуҳур мекунад, ки мутасифона номи он ҷойро аниқ баёд надорам баъзеҳо Зебокро мисол меоваранду баъзеҳо Мунҷонро….. ин бештар ба ривоят монанди дорад, аммо ақиқати ҳолро ки медониста бошад!!!???

        Чун дар боло зикр кардам ки ҷасорат ва мардонагии он Ҳазрат мудом канор нест, хост мардумони бечораву, дар доми зулмат афтодаӣ он замонро аз зулмати Қаҳқаҳ халос кунад . Чунин ҳам шуд. Бад аз қадамгоҳи Ҳазрати Али дар ин диёри куҳанбунёд дили ҳазорон муминон шод гашту, ҷони онҳо аз зулмати Қаҳкаҳ озод шуд. Ва то кунун ин таърих солҳо дар байни наслҳо боқи монд. Камина бо сад ифтихори баланд ки худ зодаи ин диёрам, мехостам чанде аз аксҳои мазори Шоҳи Мардонро ба шумо арзони орам. Лутфан таваҷҷуҳ бифармоед!!!

Саодатқадам Назаршоев

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (31.05.2014)
Просмотров: 1020 | Теги: намадгут, Саодаткадам Назаршоев, шохи мардон | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info