Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Рӯзи ғалаба

Иди пирўзӣ - Рўзи Ғалаба муборак!!!

Мо 69-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осойиш аз корнамоиҳои неки иштирокчиёни ин набарди таърихӣ ба неки ёд мекунем.
Имрӯз сипосманд аз он ҳастем, ки Мардони бо нангу номуси деҳаи Намадгут ба монанди Мамадраимов Рамадон, Қурбоншоев Маъруф Алифшои Мадшо, Султонмамадов Мирзохон, Шомастонов Абдуламид ва чандин - собиқадорони муҳтарам, ки аз рустоҳои Тоҷикистон ва аз ҷумла Бадахшон дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона ҷангида ва инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд,тоза хотираи неки ҳамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар қалбҳоямон ҷовидонмеисобем. Ҳоло мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва ҳисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид

Ғалабаи беназири онҳо бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.
Дарвоқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои талх ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ баланд аст.

Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад. Дар ин айёми муборак ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу менамоям.

Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш нахоҳем кард!!! Азизон биёед дасти дуо бардорем то аз Худованди бениёз талаб кунем, ки руҳи онҳоро шоду хонаи охираташонро обод бигардонад. Хонаобдон!!! Хонаободон!!! Хонаободон!!!

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (09.05.2014)
Просмотров: 549 | Теги: Мамадраҳимов Рамадон, 9 май | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info