Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев | [ Добавить статью ] |
Ай Намадгути биҳиштосои ман!
(Манзараҳои деҳаи Намадгут)
Аз замони гузашта то ба ин рӯз расидааст, ки хишти аз гилу коҳ рехтаи андозаашон гуногун дар масофаи чанд рӯза роҳ дар хоки Бадахшони Афғонистон рехта бо ҳамдастии 70 ҳазор нафари паҳлу ба паҳлуистода то ба ҷои сохтмон кашонида, болои бунёди аз санг сохта девор шудааст. Тибқи ба охир расидани сохтмон дар ҷои гарамкардаи байни роҳ қалъаи дигаре қомат афрохтааст. Таърихи фаъолияти қалъаҳои Вахони қадим нокофтаю нонавишта бошанд ҳам аз ёддоштҳои сайёҳони Чин, асари муаррихон ва нақлу ривоятҳои то замони мо расида шаҳодати онанд, ки дар гузаштаи дур задухурди байни чиниҳо ва тибетиҳо барои соҳиб шудани роҳи Вахон дар қайди зоҳирон даромадааст. Сар задани ҷанги байни арабҳо ва тибетиҳо дар хотираи дарвеши чинӣ Хой –Чао ҳангоми соли 729 аз Вахон гузаштанаш ба қайд даровардааст. Истодагарии қалъаи Қаҳқаҳа дар ҷорӣ шудани дини буддоӣ дар қаламрави Вахон, ҷанги байни оташпарастон ва арабҳо дар ин қалъа ба вуқуъ пайваста аст. Қабристонҳои, сершуморе, ки то имрӯз дар атрофи қалъа омухта шудаанд аз ҳодиссаҳои он замонҳо далолат мекунанд. Аз маълумотҳои таърихӣ бармеояд, ки соли 715 дини Ислом дар саросари Осиёи Марказӣ паҳн шуда, вориди кӯҳистон мешавад. То ба Вахон омадани Хой- Чао (729) мардуми ин сарзамин саросар эътиқодманди мазҳаби ҳиноянии дини буддоӣ будаанд ва он ба ноҳияҳои ҳамсоя паҳн нашудааст. Шояд қалъаи Қаҳқаҳа ягона истеҳкоми мустаҳками дини зардушт буд, ки ба паҳншавии буддизм ба нохияҳои ҳамсоя, ки аз он ғарбтар воқеъанд, истодагарӣ карда тавонист. Дар махазҳои таърихӣ омадааст, ки дини Ислом соли 736 то Ҷирми Бадахшони Афғонистон паҳн шудааст ва баъдҳо ба води Вахон, ки бо ҷангҳо анҷомид доман паҳн кард. Аз нақли то замони мо расида, қувваҳои арабро Холид ибни Валид сардорӣ мекард. Яке аз монеае, ки пешоруи қувваҳои араб аз пеш омад ин қалъаи Қаҳқаҳа дар Намадгут буд. Сардори қалъа аз Холид ибни Валид омодагии даҳрӯзаро ба ҷанг пурсида, сипас ба амалиёти ҷангӣ гузашта, қувваҳои арабро ба муҳосира мегирад ва танҳо яке аз гурезагон ба марказ хабар мерасонад. Саранҷоми фатҳи қалъаҳои Вахон, ки дар тасарруфи бародарон Қаҳқаҳа, (Намадгут) Замри оташпараст (Ямчун), Зангибор (Ҳисор), хоҳарон Зулхумор (Сиёҳпушта) ва Зулашам меистод, бо сафарбар шудани қувваҳои иловагӣ бо ғалабаи арабҳо меанҷомад. Аммо амалиётҳои ҷангӣ идома меёфт. Оташпарастони шикастхӯрда ба паси Ҳиндукуш рафта аз он ҷониб муборизаи ҷангиро бо қалъаи фатҳгардидаи Қаҳқаҳа, ки акнун бо номи Кофирқалъа соҳиб шуда буд, давом медиҳанд. Аз таъсири онҳо мардуми ба дини Ислом даромада дар саргоҳи деҳа гурезгоҳо кофта, пинҳон мешуданд. Шумораи ин гурезгоҳҳо то 20 ададро ташкил дода идае аз онҳо аз ду ошиёна иборатанд. Мардум сохтмони ин гурезгоҳҳоро ба давраи паҳншавии ислом мансуб медонанд. Ба муносибати ғалабаи дини Ислом паҳлуи қалъаи Қаҳқаҳа зиёратгоҳи «Шоҳимардон» ҷой гирифтааст. Он ба номи қадамгоҳи ҳазрати Алӣ машҳур аст, ки аз рӯи ривоят баъди шикасти қувваҳҳи араб бо сардории Холид ибни Валид ба ин сарзамин омада, ба ғалаба муваффақ шудааст. Амалиёти зиёратгоҳи Шоҳимардон ба давраи паҳншавии Ислом рост омада, таърихи куҳан дорад. Соли 1838 Ҷон Вуд сохти зиёратгоҳро ба қалам дода буд. Ин дуюмин ёдгории сарироҳи деҳаест, ки сайёҳон онро мебинанд. Аммо маънои зиёратгоҳ доштани деҳаро аз давраи дини зардштиён ҳисобидан мумкин аст, ки қалъаи Қаҳқаҳа маркази онро дар он қаламрав ба зимма дошт. Мо имрӯз бояд муҳоффизати ёдгориҳои таъриху гӯшаҳои нотакрори табиатро аз солҳои пеш дида беҳтар ба роҳ монем. Дар ин ҷода баъзе корҳои анҷомдода боиси қаноатмандист. Аз ҷумла дар курсу семинарҳо тайёр намудани кадрҳои ин соха, дар қаълаҳо шинондани маълумотномаҳо, сохтани роҳи пиёдагард дар дохили қалъа ва баъзе корҳои дигар аз тарафи ассосиатсияи сайёҳии вилоят анҷом дода шудаанд. Аз таъсири атмосфеари сол аз сол вайроншавии қалъаи аз хишти хом сохтаи Қаҳқаҳа босуръат давом дорад. Дар натиҷаи боришоти бардавоми соли пеш калонтарин манораи дар қисми ҷанубии он фуру рехт. Дар аҳди ғарбии он нақши деворҳо торафт ноайён шудаистодаанд. Солҳои дароз ҷой додани дидбонгоҳи сарҳадчиён ба муҳофизати қалъа таъсири манфӣ барҷо гузошт ва дар ҳақиҳат ҳам дучори норозигии одилонаи сайёҳони хориҷӣ гардид. Сохтмони обектҳои зист, саисхона, партовгоҳҳо истифодаи хоку санг барои сохтмон, кандани хандақҳо ба дигаргуншавии мазмуну сохти қалъа таъсири манфӣ гузошт ва ҳоло, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳал ин камбудӣ ислоҳ шудааст корҳои бетаъхирӣ аз ҷихати илмӣ баркароркуниро талаб менамояд» Бояд хотирнишон кард, ки табиати зебои ин диёр дар баҳору тобистон диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Аз ҳар сӯи деҳа чаҳ-чаҳи булбулон, манзараи дилрабои гулзорону, боғҳои себу нокзорон, майдонҳои зардолую, шафтолу, бинандаро мафтун мегардонад. Худо агар ба ҳаркас насиб гардонад, ки як бор ба деҳаи Намадгути бостони ояд, бо мардуми шарифу бомаърифат, дилкушоду саховатманд, меҳмоннавозу иззатманд, зарофатгўю ҳозирҷавоби он бинишинаду ҳамсӯҳбат шавад, ҳамеша хостори он мегардад, ки такрор ба такрор ба ин мавзеъ омада аз сӯҳбати устодону деҳқонон, устоҳои гулкор, ахли адаб баҳра бардорад.
P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке: | |
Просмотров: 845 | | |
Всего комментариев: 0 | |