Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Ёдгориҳои Таърихии Деҳаи Намадгут

Жмите чтобы смотреть фотографии

Мухимтарин ёдгории таърихии деха калъаи Кахкаха мебошад.Он яке аз се калахои ( калъаи дехаи Хисор то кунун боки намондааст) типпи шахрии Вахони кадим буда дар асри III пеш аз миллод сохта шудааст. Дарозиаш 650 ва пахнои ба хисоби миёна 300 метрро дар бар мегирад.
Олимон саънаи сохтмони калъахоро ба замони давлатдории кушониён муайян кардаанд. Максади сохтмони силсилаистехкомхои водии Вахонро ба он алокаманд менамоянд, ки дар асри III пеш аз меллод харакати кучманчиёни тибет , сакхо ва куввахои харбии Чин ба Помир меафзояд ва хатари воридшавии онхо ба дарунаи мамлакат ва аз даст рафтани рохи Вахон аз пеш меояд.Илова ба ин роххои чанубу шимол ва шарку гарб ба хиндустон, европа ва чин аз ин чо мегузашт ва ахамияти иктисоди, , харбию сиёси пайдо карда буд.
Интихоби чой, маъвод ва санъати калъасози дар шароити он давра кобилияти баланди фикрии мухандисонро талаб мекард. Ба чунин комёби сохиб шудани санъати мухандисии он давра дар китоби « Точикон»-и Б.Гафуров чунин омадааст. « Мухандисони калъасози Осиёи Маркази комёбихои калон ба даст овардаанд. Деворхои рахнанопазири калъахо, ки онхоро бурчхои овеза , сади мураккаби таги дарвоза ва тиркашхои сершумор боз хам мустахкамтар мекарданд санъати калъасозии Осиёи Миёнаро ба дарачаи бехтарин санъати калъасозии он давра боло бардошта будаанд. Дар водихои Помири гарби Кахкаха ва Ямчун барин калъахои азим сохтаанд, ки дар сари рохи асоси вокеъ буданд ва силсилаи истехкомхои дарозмуддати бо хамдигар алокамандро ташкил мекарданд».
Ин силсилаистехкомхо дар харду сохили дарёи Панч дар масофахои муайян сохта шудаанд. Дар масофаи дукилометраи он тарафи дарё калъаи Сияхпушта, Варк, дар ин тарафи сохил калъахои Рэн ва Реч комат афрохтаанд, ки сохтмони кисми онхо ба давраи сохтмони калъи Кахкаха рост меояд.

Вайронахои калъахо то замони мо омада расидаанд. Деворхои калъаи Кахкаха дар кисми шимол 1-2 ва чанубу гарб то 6 метр мухоффизат ёфта, кисми чанубии девор накшбанди ёфтааст. Дар хати дарозии девор бокимондаи 56 манораи дидбони ва садхо тиркашхо мухоффизат ёфтаанд.
Аз замони гузашта то ба ин руз расидааст, ки хишти аз гилу кох рехтаи андозаашон гуногун дар масофаи чанд руза рох дар хоки Бадахшони Афгонистон рехта бо хамдастии 70 хазор нафари пахлу ба пахлуистода то ба чои сохтмон кашонида, болои бунёди аз санг сохта девор шудааст. Тибки ба охир расидани сохтмон дар чои гарамкардаи байни рох калъаи дигаре комат афрохтааст.
Таърихи фаъолияти калъахои Вахони кадим нокофтаю нонавишта бошанд хам аз ёддоштхои сайёхони Чин, асари муаррихон ва наклу ривоятхои то замони расида шаходати онанд, ки дар гузаштаи дур заду хурди байни чинхо ва тибетихо барои сохиб шудани рохи Вахон дар кайди зохирон даромадааст.

Жмите чтобы смотреть фотографии

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (17.07.2014)
Просмотров: 2151 | Комментарии: 1 | Теги: намадгут, какаха | Рейтинг: 2.0/2
Всего комментариев: 1
ComForm">
avatar
More info