Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Дастбӯсӣ - Статья Саодаткадама Назаршоева

Ин расми ориёиёни бостониро мардуми Бадахшон ҳифз кардаанд, ва зимни салому алейк, дасти якдигарро мебусанд.
Дастбусӣ рамзи сулҳу оштӣ, нишонаи меҳру самимият, аломати эҳтироми якдигарӣ - бахусус, эҳтирому ҳурмати ҷавонон нисбат ба солмандон аст.
Аз суи дигар, шояд ба ин хотир, ки даст рузидеҳи инсон аст, даст василаи кору заҳмати инсон аст ва даст хидматгузори халлоқияти инсон аст, ки оғоз аз дастбусӣ ривоҷ ёфт. Ин рамзи нек ба фикри каминаҳам иштибоҳе нест. Зеро даст нишондиҳандаи хислату ниҳоди инсонҳам низ аст. Кунун мехостам ду мисолеро кошам, то каме равшантаратон бошад. Муштзуре бар сари бегуноҳе даст мебардорад, инсони нек сари ятимеро сила мекунад ва аз ҳамин ҷият нишонаҳои неку, бади онҳо ошкор мешавад.Аз ин ҷост, ки бусидани даст ба маънои арҷ ниҳодан ба заҳмати инсон ва баҳо додан ба хислату рафтори инсон ҳам аст….
Умедворам, ки ин анъанаи нек дар байни ҷавонон мудом зинда бимонад. Комраво бошед!!!

Саодатқадам Назаршоев

Читать другие интересные статьи>

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (24.05.2014)
Просмотров: 736 | Теги: дастбӯсӣ, обычай | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info