Главная » Статьи » Саодаткадам Назаршоев [ Добавить статью ]

Бадахшонам!!!

Бадахшонам! Ватани азизи дар дилу дида ҷо гардидаам.

Ту саросар зебою бузург ва яктои мани.

Ман намедонам, ки кадоме аз ин бузургиҳоятро руи қоғаз орам.

Замини зархезат, боду ҳавои поку руҳнавозат, обҳои софу зулолат, чашмаҳои шифобахшат ва куҳҳои сарбафалаккашидаат.

Бадахшон! Эй Ватан, эй диёри гул ба доманам, эй диёри куҳсорам, эй диёри обшорам, эй диёри қалъазорам, эй диёри чашмасорам.

Ман бо ифтихор мегуям, ки Модар-Ватан яктост.

Зеро мо аз батни модар руи хоки Ватан афтода, чашм дар канори у кушода, по бар заминаш ниҳода, худро шинохтаем.

Охир касе наметавонад бо як зарбаи хеш хамаи бузургихоятро нест кунад.

Ман аз ин ҳамаи дороият фахр мекунам.

Фахр аз он аст, ки Ватани бихиштосо - Точикистон дорам.

Бадахшон! Ҳаргоҳе ки нигоҳ ба куҳсоронат мекунам, як ҷаҳон эхсосот маро фаро мегирад.

Ҳамон куҳҳои сарбафалаккашидаи туст, ки бо гиёҳҳои шифобахши худ давои дарди ҳазорон маризон гаштааст.

Табиати дилфиребат бо ҳусну ҷамолаш касро мафтуну шефтаи худ мегардонад.

Диёрам, ту тавлидгари хазорон чераҳои шуҷою баруманд ҳасти.

 

Чераҳое, ки тавонистанд дар арсаи чаҳони номи точику Точикистонро муарифи намуда, бад ин васила таваҷуи ҷаҳониёнро нисбати ин сарзамини биҳиштосо беҳтару бештар гардонанд.

Манам яке аз фарзандони ту, ки дар оғуши гарму нармат ба воя расидаам.

Саодатқадам Назаршоев

 

Читать другие статьи Саодаткадама Назаршоева можно тут>>>

 

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Саодаткадам Назаршоев | Добавил: amin (09.09.2014)
Просмотров: 1039 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info