Главная » Статьи » Новости [ Добавить статью ]

"Ёдгориҳои Вахон"

 

Чун кӯдак будему хурдсол ба мафҳуми ин матн сарфаҳм намерафтем, бад-он хотир ки фаҳмиши Бадахшон баромон бефаҳм буд. Яъне ки чист ин ҷумла-дар дурдасти кӯҳҳои Помир? Ва чи мехост гуфтан коргардони филми ҳунарии машҳуру маъмулу маҳбуб «Ҷура шикорчӣ аз Минархар». Барои дарку эҳсоси ин фаҳмиш он ҷо будан зарур будааст, ки мо ин корро анҷом додем. Роҳи дурру дарози сӯйи Бадахшонро танҳо ҳамин тавр метавон паси сар кард. Дар роҳ баъзан, балки тез-тез техника аз кор бекор мешавад, даст ба даст ва бо кӯмаки якдигар ронандаҳо аҷалаву фаврӣ қазияро барканор мекунанд, то ки мусофиронро то манзил бибаранд. Баъзан мешавад, ки иҷборан ана дар чунин авзоъ ғизо бигири. Ҳадаф аз кори мо инъикоси ёдгориҳои меъмории дараи Вахон, ки буд, баъд аз Хоруғ рост сӯйи ноҳияи Ишкошим рафтем. Дар роҳ мӯъҷизаҳои табиӣ, обу чашмаҳои ҳам софу ва ҳам шифобахш, боду ҳаво, самоъи кабуди кабуди қуллаҳои кӯҳро ба кашгирифта дарҳол моро ба доми фитнаи худ кашид. Аммо ин мавзӯъи матраҳи имрӯзаи мо нест ва онро ба рӯзҳои дигар ба таъхир меафтонем. Ёдгориҳои меъмории дараи Вахонзамин, ки пештар зикршон рафт, минҷумла қалъаҳои Намадгут, Ямчун ва Абрешим, ки халқи инҷои онро қалъаҳои Кахкаха гӯянд мо низ аз ин ном борҳо ёд хоҳем овард. Аз ҳама дуртар қалъаи Абрешим ҷойгир аст ва дар ҷамоати деҳоти Зонг ва барои тахфиф андохтан дар азми худ мо аз ҳамин қалъа корро ифтитоҳ бинмудем. Лаб-лаби дарёи Панҷ гоҳе пиёда ва гоҳе савора расидем ба таги қалъаи Абрешим. Мардуме, ки сари хирман буданд, нагузоштанд, ки бе як даҳан нон ва албатта ширчойи машҳури помирӣ мо рӯболо шавем. Аҷиб ин ки чи қадар мо аз Дарвоз, Ванҷ, Рушон Хоруғ ва маркази ноҳияи Ишкошим дур мешудем, ҳамон қадар даштҳои Вахонзами фароху кушод мешуд. Мардуми чойдори - ин истилоҳи худи ҳамин мардум аст ва манзури эшон таҳҷоӣ мебошад, иброз карданд, ки заминҳои ин мавзеъ беҳад бенерӯю бенуриянд, ба ҷуз аз картошка дигар чиз суст месабзад ва ё умуман намесабзад, з-ин рӯ наҷотбахши мардум ин чорводорист. Аз байни хасу хор ва дарахтони барои мо ношинос оҳиста-оҳиста рӯ сӯйи қалъа овардем. Бовар кунед барои мардуми дар шаҳр калоншуда ин кори саҳл нест баромадани кӯҳу пушта. Ва ҳам табиати зебову дилкаш моро ҳарчи бештару тезтар аз роҳ бозмедорад ва водор мекунад, ки мо ба он дер боз дида бидузем. Ва инак расидем ба Абрешимқалъа ва аз дур дидани чанд тан сайёҳ моро ҳич мутахайир накард, чунки шумораи эшон қариб ки бо нуфуси Бадахшон мусовӣ шудааст. Надонистани ҳайати мо забони инглисиро ва надонистани тарҷумони ин сайёҳон, ки аз қирғизҳои Мурғоб будааст, забони тоҷикиро боз ҳам зарурияти донистани ин забони байнулмилалиро дар сармон таҳмил кард, аммо ба ҳар ҳол як илоҷ карда дар анҷоми кор мо якдигарро фаҳмидем. Аз футбол ҳам чақ-чақ кардем, лекин мавзӯи асосии мо қалъа буд, ки мардуми ғайр дар эъмори он, ки мутааллиқи дудаи Кушониён аст, ба шигифт меомаданду китфи ҳайрат дарҳам мекашиданд. Ва чаро не? Қалъаҳои дараи Вахон аслан вазифаи дифоъиро иҷро мекарданд. Аммо он чунон сохта шудааст, ки баъзан ҳини таъкиби нохушбине сокинони маҳалли низ ин ҷо панаҳ мебурдаанд. Гирдогирди қалъа бо деворҳои баланду паҳну мустаҳкам махкам карда шудааст. Чун ҳуҷраҳои зиёде ки дорад, гуфтан мумкин аст, ки барои тоҷирони роҳи бузурги абрешим вазифаи корвонсарову меҳмонсароро ҳам иҷро мекардааст. Мавқеи қалъа чунон дуруст интихоб шудааст, ки ба қавле ту гӯйи дунё дар кафи дастат аст. Бино ба иттилоъи акдемик Бобоҷон Ғафуров давлати Кушониён аллакай дар аҳди Кадфизи I вусъат ёфта буд, лекин ба ҳар ҳол империяи Кушониён маҳз ҳини ҳукмронии Канишка рушд, инкишоф ва вусъат ҳам ёфтааст. Бештари вилоёти Осиёи Миёнаву Туркистони шарқӣ, Афғонистон пурра ва Ҳиндустонии шимолӣ зери тобеъи Кушониён буд. Шумораи чунин қалъаҳои дифоъи зиёданду дар дараи Вахон аз ду тарафи соҳили дарёи Панҷ Афғонистону Тоҷикистон чун ба сони тахтаи шоҳмот мавқеъ гирифтаанд. Ҳамин аст, ки ин тактик солиёни дароз кор омада, ки ин давлат пойдор мемонад. Бинед, ки баъди ҷудо кардани сарҳад ин калъаҳо рисолати хешро аз даст надоданд. Аввал Россияи подшоҳӣ ва баъдан шӯравиҳо низ дар ин ҷо отряди сарҳадбонони худро партофта, онро чун застава ҳам истифода мекарданд. Баъзеи он аз ҷониби марзбонони тоҷик то ҳол истфода мешаванд. Ҳарчанд ин қалъа на барои рӯзбарист, лекин аз ин ҷо дегҳои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Пас сарҳадчиёни ҳамонвақта рӯзҳои амн ба дигар шуғлҳо низ гароиш доштаанд. Ин қалъаҳо аз дуриҳои дури таърих дарак медиҳанд, вижа аз замони Кушониён. Аз руйи баъзе нишонаҳо тахмин мезананд, ки шояд қалъаҳо пештар сохта шуда бошанд. Қалъаи Абрешим нисбат ба дигар қалъаҳои муҳофизатӣ мукаммалтар боқӣ мондааст. Лаъли Бадахшон дар сартосари ҷаҳон маъруф аст ва пайдо шудани ин вожаи санге боз ҳам аҷибтар будааст. Масолеҳи сохтмонӣ ба хусус тахтасангҳо гашт маълум, ки аз мулки афғон оварда мешудааст ва ин ҷо, ки хок ҳам ба қавле мақми дефитситро дорад, бештар аз кӯҳҳои хокии гирду атроф кашонда шудааст. Ва зикр кардан чи халале меорад, агар бигӯем, ки аз як қалъа то қалъаи дигар масофа беш аз 50 км аст ва маҳз ҳамин омил ва бераҳи моро тела бар он андеша дод, ки ҳарчи тезтар суни қалъаи Ямчун бикунем ва нисфи шаб раҳакӣ кардем. Фурсат, ки хеле маҳдуд буд, даруни мошин шомиёнае таҳия кардем воқиф аз он ки бояд кқалъа ва чанд ёдгории таърихии аз аҷдодони мо барои мероси башари гузоштаро сабт бикунем. Дар роҳ чандин ғору шикофии дар танаи кӯҳбударо дидем ва бино бар иқрори мардум, ҳини ҳамлаи аду мардум дар ҳамин ҷо панаҳ мебурдаанд, манзур аҳди қадим аст ва бо захираи хеле зиёд имкон доштаанд, ки дар муддати бемаҳдуд ин ҷо бимонанд. Аслан ҳичи пӯшида нест, ки оин, расму русум эътиқоду эътимоди халқ дар ин давра бар андешаҳо ва расулии Зардушт мувофиқат мекардааст. Лекин дар миёни қавмҳо гуногунандешии динӣ ҳам қувва доштааст, ана бинед ин саҷдагоҳи будоиро. Ва ин асоси илмӣ ҳам дорад, дар китоби Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар аҳди Кушониён дини будоӣ ҳам буд ва исботи он аз хоки Ҳиндустон падид омада. Дар раҳ анбуҳи мардум, ки аз нияти мо дарак доштаанд, мошини моро боздоштанд ва моро бовар кунонданд, ки мо ҷасади Кахкахаро дидаем ва агар вақт доред онро баротон нишон бидиҳем ва ҳиси кунҷковӣ моро ба яке аз дараҳои Вахон бурд. Ана ин сангпора гӯё ҷисми муассисгари қалъаҳо Кахкаха мебошад. Лекин... Бар тахаюри мо он чи буд, ки мардуми таҳҷоӣ новобаста аз кору пайкор бар ривоят бештар такя мекунанд ва сабаб моро норӯшан монд. Ин қалъаҳо тавлиди пешаз исломиянд ва ин чизро онҳхо хубу рӯшан медонанд ва ба ким кадом Кахкахае бовар доранд. Яъне ӯ ғосиб буду золим, чунон азимҷуссае будааст, ки бо ду қадам иқтидори аз ин соҳили дарё бад-ун соҳхилро гузаштан додаст. Бар андешаи мо ин шахсият набуда, балки дар маҷмӯъ чанд нафареро дарбар мегирад. Имрӯз ин ҷост ва пагоҳ он ҷо. Ва ҳамин чизро омиён бар он шабоҳат медиҳанд, ки Кахкаха дар як мижа задан ҳар сӯ мерафтааст. Хуб, инак гӯё баъди бармало шудани дини Ислом халифа Алӣ бо қатли Кахкаха бар ситам нуқта мегузорад. Чун ба қалъаи Ямчун, ки расидем ин чиз боз ҳам рӯшантар хоҳад шуд. Мо бо сарфи вақту дар баъзе ҷойҳо пиёда ва дар баъзе ҷойҳо мошинсавор ба қалъаи Ямчун расидем. Фатҳи ҳар баландӣ ва қулла барои мо ба сонӣ пирӯзӣ намуд. Мардуми зебосурати Шуғнон дар ин кор ба мо ҳамраҳӣ карданд, онҳо низ ин мавзеъро барои нахустин бор тамошо доранд. Қалъаи Ямчун қалъаи марказӣ буда дигар қалъаҳо қарору фармони маҳз нишастагони қалъаи мазкурро интизор будаанд. Мағзи сари идоракунандагони сарҳаду роҳи бузурги абрешим дар ҳамин ҷо менишастанд. Қалъаи Ямчун аз ҷихҳати меъморӣ нодир аст ва чунон эъмор шуда, ки агар худо надонад чи гуна хасм ин қалъаро нест карданӣ будааст, мо натавонистем. Дар ҳар 200-300 метр дар кунҷи қалъа ва байни деворҳо манораҳои назорати қад кашидаанд аз 5 то 12 метр. Лекин чун мо бори аввал ба Ямчун ворид шудем, ба иштибоҳ роҳ додем. Аммо ки вақте дар масири Ямчун гаштугузор кардем, пас дидем, ки манораҳо умуман ба дигар тарҳ ва шаклу шамоил сохта шудаанд. Аз руйи ривоятҳо дар ин ҷо яке аз бародарони Кахкаха ҳоким будааст. Бар асоси далоили таърих ҳич рабтеро мо наёфтем. Дар имтидоди чандсад метр ва иборат аз қабат деворҳои басо мустаҳкам чида шудааст ва мо зич боваре надорем, ки душмани андак-мандак ин ҷоро тасхир карда метавониста бошад. Аз 3 қисм иборат аст ва чун дигар калъаҳо деворҳои ҳуҷра ба деворҳои дифоъии қалъа рабт пайдо кардааст ва ҳаргиз ин иртибот канда шуда наметавонад, бад-он хотир ки алоқа нест нашавад. Дар ин ҷо хам утоқу ҳуҷраҳои зиёде ба назар мерасад, ки муайян кардани онҳо вазифаи муҳаққиқону муаррихону муъасилон будааст. Лекин дар як чиз мо муътакидем, ки агар шумораи раҳбонон аз ҳисоби мардуми таҳчойӣ кам бошад, аммо тарҳу пружа ва ҳам меъморон тоҷикон будаанд. Деворҳои баланд, аз ҷиҳати паҳнои васеъ шабоҳат дорад ба девори чинӣ ва ё баръакс, корвонсарову меҳмонсаро, баъзе бозёфтҳои талабагони муосир аз тамаддуни ҳамонвақтаи мардуми мо далолат мекунад. Чун дар дигар қалъаҳо ҳуҷраҳои иртиботӣ воиранд ва як нафар ҳатто, метавонад тамоми дохили қалъаро назорат бикунад, онҳоеро ки беруни қалъаро уқоби кӯҳиворе нигаҳ мекунанд. Кушониён киҳо буданд? Инак суоли матраҳ Дар бораи ин таърихчиён басо зиёд ҳарф мезананд ва андеши ягона нест онҳоро валекин саҳеҳ аст, он ки аҷдодони тоҷикон будаанд ва дудаи онҳо аз пайдоиш ва ба анҷом чунин мураттаб шудааст: Куҷула Кадфиз ва ё Кадфизи нахуст Вима Кадфиз Канишка I Васишка Хувишка Канишка II Васудева Баъди ин сулола сулолаи дигари тоҷикон ҳам рӯйи кор омада-Ҳайтолиён ва ин марҳила ҳам даврони заррини аҷдодони тоҷикон будааст. Пас аз тарафи мулки Чин моро вопасин қалъаи Кахкаха монд дар деҳаи Наамадгут. Ин қалъа дар тафовут аз дигар қалъаҳо он аст, ки деворҳои паҳну васеъу баланд бо ду масолеҳи сохтмонӣ чида шудааст. Нақшу нигор бештар ба тамаддуни ориёӣ рабт дорад. Аз ҷиҳати мавқеъи ҷуғрофӣ беҳтарин маконест барои муҳофизати ҳам роҳи абрешиму ҳам марзу буми Ватан. Кӯҳҳои баланд аз чор тараф, дараи паҳну васеъ аз ду тараф ва дарёи шӯху касногузари Панҷ аз пеш, боз чи лозим аст барои дифоъи меҳан. Танҳо техника ва таҷҳизоти нерӯманди ҳарбӣ ва зеҳнӣ солим, ки ҳам табори Кушониён ва ҳам меросбарони онҳо ин ҷизҳоро арзонӣ доштаанд дар ҳамон давру замон, ки дунё таҳи пошон меларзид. Доштани чунин ёдгориҳои таърихӣ ифтихори моро меафзояд бад-он хотир ки тамаддуни ҷахони ду се кишвар дар гетӣ будааст, ки мо ҳам ба он шомилем. Қалъаҳои мӯҳташаму мӯътабару мӯхтарами силсилақалъаҳои Кахкаха агарчи тахриб шудаанд, аммо ёдгориҳои таърихиянд аз аҷдодони мо, ки барои башарият мерос гузоштаем. Лекин ҳаёт дар водии Вахон ба сонӣ ҳамон давру замон идома дорад. Корвони сайёҳон ҳанӯз ҳам ин пайраҳаи кӯҳани таърихиро фаромӯш накардааст, ба ки намефорад, ки лаҳзае худро дар умки таърих таҳсис бикунад, аз рӯзгори пешинаи насли одамизод огаҳ бошад. Кормандони агентии сайёҳӣ қаблан меоянд ва хатсайре мураттаб мекунанд, то дигарон роҳат ва бе ташвишу саргардонӣ ва бидуни масрафи вақти зиёдатӣ ин ҷоро бубинанд. Барои мо басо боиси хушнудист, ки агар нафаре решаҳояш бо хоки Тоҷикистони азиз пайванд бошад, боз манобеъи зиёде аз меҳани мо барошон итиллоот медиҳад. То рӯзе, ки ин мӯйсафеди тоҷики ишкошимӣ сари аркааш дарзаи алаф мекашад, мардум якҷоя хирманро галагов меандозанд, хониши кабкони дарӣ дар дараҳо беист садо медиҳанд, дигар хичи наметавонад сади роҳи мо бигардад баҳри ҳифзи ин ёдгориҳои беназири таърихӣ, ки фардо муддаӣ шавем, ки мо ҳам дар рушди тамаддун басо саҳим будаем.

НУРИ НАСР
P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Новости | Добавил: amin (22.05.2014)
Просмотров: 802 | Теги: Ёдгориҳои Вахон, вахон | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info