Главная » Статьи » Народные Сказки и легенды [ Добавить статью ]

ХОНАИ МАТРУК ( Ҳ и к о я )

Хонаи матрук...солиён боз қулфи дари ин хонаро дасти касе боз накарда.Дар танӯри ин хона алангаи оташ дигар забона намезанад. Солиёне пушти дари ин хона садои «хай – хай» фарои гӯши инсоне нарасида. Гулғунчаи дарахт ба даст кӯдаке аз дари ин хона дарун намешуд. Садои «килоғузғуз»* ва нидои «...боҷак бидеҳ, кар – карбикун, равған бидеҳ, шар – шар бикун...» аз равзанаи ин хона танин намеандохт. Аловпараки Зардуҳушт дер боз ҳавлии ин хонаро мунаввар намекард. Моҳҳою ҳафтаҳо хонаи матрук буду зулмоти тазйиқовар ва сукунати кушанда...- Оҳ, чӣ гӯям? Ин қиссаи дарднок аст...Аз умқи ин сукунату зулмот гоҳе фарёди ҳазину нолаҳои дилро пора мекарданду чашмро гирён...Аҷабо, ин фарёду нолаи ҷигархарошро на ҳама мешунид, зеро хона хонаи матрук буд ва бовари кас намеомад.Бобо даст ба риши сафедаш бурд, онро даст кард ва лаҳзае сокит монд. Боз гулӯ равшан кард ва гуфт:Бачам, хонае буд, ба қавле, дар ҳафт иқлим машҳур. Чӣ гӯям, ки хона дастархони густурда дошту он ҳеҷ аз миён барнамехост. Ҳеҷ умедворе аз дари ин хона навмед барнамегашт. Ҳар кадом наволае мегирифту ҳазор шукр мегуфт. Ҳафт пушти ин хонадон русуми аҷдодиро муқаддас дониста пос медоштанд. Чун Хидирайём наздик мешуд, хурду бузурги ин хона табли шодӣ мезаданд ва такопӯяшон дучанд мешуд. Ҳар яке ханда бар лаб тараддуд дошт, ки рӯзи Шогун дар хона камию костӣ набошад. Барои аловпарак ҳезуми махсуси сара омода мекарданд, ки алангаи алав ба фалак забона занад... махсус барои «килоғузғуз»беҳтарини беҳтарин кулчаю ғизо, рӯмолу дастпонаю чиллаомода месохтанд. Хонае буд пур аз бача, хонае буд огандаи нур. Хандаю қиву чуви кӯдакони хона аз саҳари солеҳон то дили шаб гули табассумро дар лаби мардуми деҳа зинда медошт. Ҳине хуршед сари нохунро гармӣ ато мекард, дигар мардум пайи дарёфти баракати Шогунайём мешуданд ва шодӣ ба дилу ханда бар лаб бо бозиву шӯхию аския ба имдоди ҳамдигар мешитофтанд. Овои «ростик, дастик, тарангдарчапу гӯшик» гӯши фалакро ба қомат меовард. Аҳли деҳа медонист: дар омад омади Хидирайём ҳеҷ кинаву кудурат, сиёҳиву олудагиро ба дил роҳ додан шоиста нест ва ҳам зоҳир обод бошад. Аҷибаш ин буд, ки табассуми сохта ва лабханди рӯякиро хуш надоштанд мардум. Тарабу шодӣ ва лабханд сидқиву самимӣ боядо. Аҳли деҳа аз ин хона, аз мӯсафедони ин хонадон дуои файзу баракат мегирифтанд, хонаашонро бо нури баракат музайян месохтанд, аз хони баракат нон мехӯрданд ва аз даргоҳи Худо боз баракат мехостанд.Аз қазо марде пиру солманд, заифу нотавон, қадам барчида – барчида аз миёни деҳа раҳ мепӯйид. Раҳ мепӯйид ва Худоро сано мегуфт. Хидирайём даррасида ва садои дафу дуҳул ба гардун мепечид. Чӣ шуду чи монд, кимусофирро фарде пайхас накард, гӯё махсус ин рӯз чашмҳои бино нобино ва гӯшҳои шунаво ношунаво буданд. Ё ӯро худӣ пиндоштанд... Кори Худоро кӣ медонад, писарам. Ҳеҷ кас... Хурду бузурги гулғунчабадаст аз дари хонаҳо медаромаданд, - «Шогун баҳор муборак» - гӯён табассум бар лабу сафедӣ бар сари китф мебаромаданд. Ҳар хона хони алвоне дошт. Аз рӯйи анъана хонагаштак оғоз меёфт. Щазоро пирамарди бегонаву нотавон пеши остонаи хонае нишаст ва нафас рост кард. Чӣ шуд, ки чашми касе пирмардро надид ё хости илоҳӣ чунин буд, чун хости Худоро Худо худ медонад. Ҳар чи хоҳад, ҳамон кунад... Хеле нишаст, ҷонаш ба лаб омаду гуфт: - Ё Аҳуромаздои пок, баракатро аз ин хона бардор! Ин бигуфт ва ҷон ба ҷаббор супурд. Аз миён рӯз ё ҳафтае гузашт ё на, ки кӯдакони ин хона паси ҳам аз ин дунё рахт барбастанд. Дигар деҳа мотамкада шуд: сарҳои ба зер афканда, лабҳои фишурда ва чеҳраҳои маҳзун... Аз хонавода нафаре зинда намонд, дарбаста шуданд.Хони алвони Хидирайём ҳамчунон густурда монд. Касе наволае ба даҳон набурда. Мехӯрдагии мардум заҳру зақум, ғаму ғусса шуд. Ҳезуми сараи аловпарак ногиронда монд. Барои «килоғузғуз» бачае болои бом набаромад, кулчаҳои ширмол мағор бастанд. Хона пур буд, матрук шуд. Баракати Аҳуромаздо тарки хона ва деҳа кард. Ман намедонам, мегӯянд, ки ҳолиё он баракатро меҷӯянд. Ҳарчанд худоӣ, қурбонӣ мекунанд, дигар он баракати аҳуроӣ нест, зеро дигар сиришту зоҳир, хандаву лабханд самимӣне, сохта аст.Ҳамакнун хонаи матрук боқист. Бомаш чӯкида, дару паландараш ҷазир, ҳайрато, ки қулфаш барҷост. Дари баста кушода нагашт. Боқист хонаи матрук...Чи донам, баракати аҳуроӣ кай бозмегардад ба ин деҳаву ин хонаи матрук... ******* Килоғузғуз- маросими қадимаи Наврӯзист, ки то ба ҳол дар Помир зинда мондааст . Дар шоми рӯзи таҷлили Наврӯз мардум, бахусус кӯдакон хона ба хона гашта, аз равзан рӯмоли дарозро ба хона мепартоянд ва суруди наврӯз мехонанду дуои хайр мекунанд. Соҳиби хона инъомеро дар рӯймол ба омадагон тақдим медорад.

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Народные Сказки и легенды | Добавил: amin (19.10.2014)
Просмотров: 491 | Теги: памирский дом | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info