Главная » Статьи » Мы гордимся вами [ Добавить статью ]

Одинамамад Мирзо

Одинамамади Мирзо соли 1936 дар дехаи Намадгути нохияи Ишкошим таввалуд шудааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгохаш ба итмом расонда, сипас тахсилашро дар мактаб-интернати ба номи С.М.Кирови шахри Хоруг идома додааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи биологияи Университети Давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро бо муваффакият хатм кардааст.

Солхои 1962-1969 ба хайси омузгор, чонишини директор ва ба вазифаи директори мактаби №21 нохияи Ишкошим кор кардааст. Солхои 1969-1992 дар самти мудири бахши иктисоди кумитаи ичроияи нохияи Ишкошим, раиси кумитаи иттифоки касабаи коркунони агросаноатии ин нохия ва хамчун чонишини Раиси Шурои нохия фаъолият кардааст.

Аз соли 1992-2010 ба хайси омузгори фанни химия дар дехаи Намадгут кор кард.

О.Мирзо бо унвони “Аълочии маорифи халки Чумхурии Точикистон”, “Аълочии Фарханги Чумхурии Точикистон” мушарраф гашта, дорандаи медалхои “Барои мехнати шоён”, “Ветерани мехнат” ва ифтихорномахо мебошад. У бунёдгари осорхонаи-кишваршиносии “Шохимардон” дар дехаи Намадгут аст. Аз соли 2005 рохбарии онро ба зима дорад.

    

О.Мирзо муаллифи китобхои: «Дарду даво», «Вахон» (бо забонхои точики, руси, англиси), «Набототи дармонбахши Бадахшон ва истифодабарии онхо» (бо хаммуаллифи) «Намадгут», «Зариф Саломатшоев» «Расму оини Вахониён бо забони вахони» ва чанд маколаи сохаи кишваршиноси мебошад, ки дар матбуоти Точикистон ба табъ расидаанд.

© SpoWaxon

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Мы гордимся вами | Добавил: amin (06.09.2014)
Просмотров: 1677 | Теги: Шохимардон, намадгут, Одинамамад Мирзо | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info