Главная » Статьи » Мы гордимся вами [ Добавить статью ]

Некқадами Зуробек - Ишкошим Диёри Чашмасорон! (КНИГА)

Ишкошим  Диёри Чашмасорон!

НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳои ВМКБ буда, бо табиати асрорангез, чашмаҳои гарму шифобахш ва обҳои минералиаш дар сар то сари Бадахшон ва берун аз он маълуму  машҳур гардидааст.

Ноҳияи Ишкошим 27 моҳи октябри соли 1922 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилёфт. Масоҳати он 3,7 ҳазор км2мебошад. Ишкошим дар қисми ҷанубӣ ва ғарбӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Марказаш шаҳраки Ишкошим буда, масофа аз маркази он то маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе 680 км ва то маркази ВМКБ –шаҳри Хоруғ 105 км-ро ташкил медиҳад. Аҳолиаш ба ҳолати 1 январи соли 2002 – 28,438 нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия аз 7 ҷамоати деҳот, яъне Андароб, Қозидеҳ, Ишкошим, Шитхарв, Птуп, Вранг ва Зонг иборат аст. Он аслан ноҳияи кӯҳӣ буда, ҳудуди онро интиҳои ҷанубии қаторкуҳи  Шохдара ва қисми қаторкуҳи Аличури ҷанубӣ фаро гирифтаанд. Нуқтаҳои баландтаринаш қуллаи Карл Маркс-6726м (қ-куҳи Шохдара), қуллаи Маяковский-6096м  (қ-куҳи Ишкошим), пасттаринаш 2000-2500м (водии дарёи Панҷ ва болооби дарёи Вахондарё) ташкил медиҳад.

           Сарватҳои зеризаминии ноҳияи Ишкошим аз абрак, булури куҳӣ, талк, биотит, масолеҳи бинокорӣ ( санг, рег, шағал, гач), сангҳои қиматбаҳо-лаъл (лаъли Бадахшон), лоҷувард ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Ноҳия дорои обҳои минералии фаровон мебошад, ки машҳуртаринашон Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Ямчун, Вранг, Ширгин ва Зонг мебошанд. Иқлими ноҳия ниҳоят хушк, тобистони водиҳо гарм  ва зимистонаш  мӯътадил буда, ҳарорати миёнаи ҳаво моҳи июл 31,6* С ва моҳи январ-19,5*С-ро ташкил медиҳад. Набототи ноҳия аслан дашти буда, дар домани кӯҳу водиҳо дарахтони зардолу, себ, тут, бед, сафедор, ар-ар, дар баландиҳои 2000-4000м арча, жуж меруянд. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, харгӯш, паланги кӯҳи, суғур, оҳу, аз паррандаҳокабк, кабутар, кабки ҳилол, уқоб, шоҳин ва аз хазандаҳо мор, калтакалос ва ғайра мавҷуданд.

      Шуғли асосии мардуми ноҳия ғаллакорию чорводори буда, дар солҳои охир боғдорию сабзавоткорӣ батадриҷ вусъат ёфта истодааст. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми соҳаҳои хоҷагиӣ халқи ноҳия бо суръати баланд инкишоф меёфтанд, ки баъдтар дар бораи онҳо ба тариқи  муфассал сухан оварда мешавад.

 

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

        Ишкошим бо мавқеи ҷуғрофи манзараҳои зебою дилфиреб ва обҳои минералии шифобахшаш аз давраҳои дур дар хотири мардумоне, ки аз ин диёр  дидан намуданд, ҳамчун як диёри афсонавӣ нақш бастааст. Хусусан лаъли Ишкошим(Лаъли Бадахшон) бо ҷилою сифати нотакрораш аз замонҳои қадим дар байни  инсонҳо маъруфу машҳур  гардида буд.Бесабаб нест, ки дар васфи он чандин шоирони шинохтаи давру замонҳои гуногун шеър иншо намуда, чандин ҳокимони давр барои аз худ намудани он хунрезию ҷоннисорӣ кардаанд. Ва шоир дар ин маънӣ ҳақ фармудааст, ки:

Зебою дилситону дилорост, Кӯҳи Лаъл,

Аз ростӣ, ки ҷои тамошост, Кӯҳи Лаъл.

Ангуштарин агар чи Бадахшонзамин бувад

Нақшу нигинаш дар назари мост кӯҳи Лаъл.

 

Чашмаҳои гарму шифобахш ва обҳои минералӣ, яъне нарзанҳои Ишкошим дар ҳама давру замонҳо дармонбахши дарди маризон буда, овозаи ин диёри афсонавиро ба дуриҳои дур расондаанд ва ба ҳусну зебоии ин макон зебогиҳои навро зам намудаанд.

Чуноне ки дар ин хусус шоири умедбахши Ишкошимзамин Парвонаи Фаррухзод фармудааст:

 

Бубин зеботарин рукни Бадахшон аст Ишкошим.

Бадахшон ҷисм агар бошад, дар ӯ ҷон аст Ишкошим!

 

Шуда машҳур дар аксои олам шуҳрати лаълаш,

На кам имруз аз мулки Сулаймон аст Ишкошим!

 

Зи Гармчашма ило Лангар фузун оби шифобахшаш,

Аз ин хотир давои дардмандон аст Ишкошим!

 

Умедам аст, ҳам имони комил дорам иншоллоҳ,

Ки оянда барои ту дурахшон аст Ишкошим!

 

Ба ман реги ту дурр, оби ту зар, хоки ту гавхарзо,

Ва сангат беҳтар аз луълуву марчон аст Ишкошим!

 

Гузашт айёми тифлиам ба лаб-лаб лаб-лаби рудат,

Ба ман хори раҳат беҳ аз найистон аст Ишкошим!

 

Агарчанде ки фарзанди ту Парвона ҷудо аз туст,

Валекин акси ту дар пеши чашмон аст Ишкошим!

 

 Дар дили ин диёри зебоманзар аз қарнҳои қарн мардуме маскан гирифта буданд, ки сангро болои санг монда, ба болои харсангҳо хок мекашиданду заминҳоро аз сангрезаҳо тоза намуда, ба он донаи гандум кошта, ризқу рӯзии худро дарёфт менамуданду умр ба сар мебурданд. Аз қадимулаём ин мардум ризқу рӯзии худро бо меҳнати ҳалолу дастранҷи худаш дарёфт менамуд. Дар давраҳои душвор нонро бародар бо бародар ду нисф мекарду беҳтарин неъматҳои мавҷударо пешкаши меҳмонон мегардонид. Ин оини азалии ишкошимиён то ба ин замон ҳамчун як оини муқаддас нигоҳ дошта шудааст. Ва аз ин лиҳоз имрӯз низ ишкошимиён ба меҳмоннавозии хосcаи худ дар байни мардумони вилоят, ҷумҳури ва берун аз он шуҳратёранд. Мардуми ин диёр то ба имрӯз шеваҳои вахонӣ ва ишкошимиӣро ҳамроҳ бо забони порсӣ (тотоҷикиро нигоҳ дошта, бо онҳо ҳарф мезананд. Ин ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ноҳияест, ки мардуми он ин миқдор шеваҳои забони тоҷикиро нигоҳ дошта, бадин васила  лафзи ширини тоҷикиро боз ҳам ширинтару рангинтар гардонидаанд.

 Ба зиндагонии аҷдодони ишкошимиён чун дигар бародарони бадахшониашон то инқилоби октябр зулму ситами хонҳо ва мирҳои Бадахшон, Қӯқанд, Кунҷит, Қандаҳор, Толиқон, Бухоро ва ғайраҳо мушкилиҳои зиёдеро зам менамуданд ва зиндагонии бе ин ҳам душвори ин мардуми хоксору меҳнатқаринро боз ҳам мушкилтару сангинтар менамуданд.

     Лекин ҳеҷ як душворие иродаи матини ин мардумро шикастан натавонист ва онҳо дар ҳар давру замон ҳамқадаму ҳамдил, ҳамнафаси инсонҳои соҳибҳиммату соҳибдил буданд. Аз бадиҳои рӯзгор парҳезгор ва ҳамеша ба корҳои хайр даст мезаданд. Ишкошимиҳо дар ҳама давру замон дилдодаи ҳар порча хоку санг чашмаҳои шифобахшу манзараҳои дилфиреби диёрашон буданд ва ҳастанд. Ҳеҷ насими  наҳсе меҳри дили онҳоро  ба диёрашон кам намудан натавонист, чунки дар ин диёр хуни нофашон рехта, мағзу устухони  ниёгонашон дар дили хоки ин диёр  маҳфуз аст. Дар ҳама давру замонҳо мардуми ин диёр  созандагию ободкориро пеша намуда  ҳамзамон ҳунарҳои хонасозӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ, косасозӣ, гилембофӣ, кандакорӣ ва гулдӯзиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз худ менамуданду равнақу ривоҷ медоданд. Дар баробари ин аз илмомӯзӣ низ дар канор намонда, як зумра шоирону ширинкорон, ҳофизону мадҳияхонон ва аҳли фарҳангу  соҳибилмони  нотакрор дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд намуданд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотири ин мардум фаромуш нахоҳанд шуд.

Усулҳои қоғазтайёркунӣ, муайян намудани фаслҳои сол,  ситорашиносӣ ва ҳунари шеърнависии муҳандис, ситорашинос ва шоир Мубораки Вахонӣ то ба имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он диққати олимонро ба худ ҷалб намуда, мавриди омӯзиш қарор ёфтааст. Ҳунарҳои шеърнависии Шамшери Вахонӣ, Назаршоҳи Ишкошимӣ, Собири Андаробӣ ва ғайраҳо дар ин диёр нотакрор мондаанд.

Мардуми ин сарзамин ҳама вақт ба ояндаи нек бовари дошта, роҳҳои беҳбудии зиндагиро меҷуст ва дар охир он роҳро муайян намуд, ки ин диёр бояд ба Руссия ҳамроҳ шавад. Чун дигар бародарони бадахшонӣ  ба ҳукумати Руссия чандин мактубу  муроҷиатномаҳоро ирсол намуда, дар охир дар қатори  намояндагони дигари ноҳияҳои Бадахшон ақсақоли  онвақта Раҳматшои Зуробеки  Намадгутиро барои овардани армияи Руссия ба шаҳри Тошканд фиристондаанд. Баъди ин кушишҳо  дар байни давлатҳои Англия, Хитой, Ҳиндустон, Афғонистон ва Руссия шартнома дар бораи тақсимоти сарҳад ба имзо расид.

Ҳамин тариқ, сарҳад тақсим гардид, армияи Руссия ба ин диёр омад. Назаршои Ишкошими дар ин санаи таърихӣ сатри зеринро рӯи қалам овардааст:

 

Фасли баҳор бигзашт, омад маҳи тамус,
Омад садои тум-туми овозаи урус.
Лашкар кашид аз тарафи Тура бинни Кус,


Ҳоким наёфт фурсати пушидани чамус.
Бечора побараҳна халоси наёфт он,
Тақсими молу мулк файсала карданд бо фарҳанг.

 

Аз ҳадди Зорқул ба Помиру то Вранг,
Афғон ҳамекунад ба Шумо зулму ҷабру ҷанг.
Аз ҳар қарор молия дорад бигирад он,

 

Мардуми ин диёр аз деҳаи Хасхоруғ то маркази ноҳия бо забонҳои тоҷикӣ, деҳаҳои Сумҷин ва Рин- ба шеваи ишкошимӣ ва аз Дашт то Ратм ба шеваи вахонӣ ҳарф мезананд. Лекин  диёри ягона, ки ҳар порчаи хок, резаи сангаш барои ҳар як фарди ин сарзамин азизу муқаддас аст, онҳоро бо ҳам сахт пайваст намудааст ва он диёр Ишкошим ном дорад. Ҳама ишкошимиён онро аз ҷон қиматтар медонанд ва баҳри ободии он чизеро дареғ намедоранд.

 

 

ШӮЪЛАИ УМЕД

 

Баъди барпо шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистону Бадахшон  зиндагонии мардуми Ишкошим ба куллӣ тағйир ёфт. Сатҳи зиндагии мардум боло рафт ва тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардум босуръат вусъат ёфтан гирифт. Мардуми Ишкошим ба номи фарзандони барӯманди ин диёр Хуррам Боқиев ва Иброҳим Исмоилов, ки  поягузорони сохти нав дар кулли Тоҷикистон буда, барои беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон басо ҷонбозиҳо намудаанд, воқеан фахр доранд. Дар қатори ин фарзандони барӯманд абармардони даврон О. Мамадаминов, Юлбарсхонов, А. Қиёбеков, А. Бахмалов, Ф. Тайғуншоев ва дигарон ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар рушду нумӯъи Ишкошим ва барпо намудани сохти нав  саҳми босазо гузоштаанд. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар қатори соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ( дар бораи инкишофи ин соҳаҳо баъдтар мушаххастар малумот дода мешавад) соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ арзи вуҷуд намуда, вусъат ёфтан гирифтаанд. Асоси хоҷагии қишлоқи ноҳияро ғаллакорию чорводорӣ ташкил карда бо сохтмон ва ба истифода додани каналҳои магистралии деҳаҳои Намадгут, Туғгоз, Ҳисор ва ғайраҳо  заминҳои бекорхобидаи зиёде аз худ гардиданд ва ин  соҳаҳо ру ба тараққию афзоиш  ниҳоданд.

 

Дар соли 1974 нерӯгоҳи обӣ барқии (НОБ) деҳаи Намадгут, ки баъдтар ба номи яке аз саҳмгузорони сохтмони ин нерӯгоҳ Отамбеков Некқадам гузошта шуд, ба истифода дода шуд. Минъбаъд ин нерӯгоҳ дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум мақоми хосаеро ишғол намуд ва намуда истодааст. Сохтмони роҳҳои автомобилгард, таъсис намудани  нуқтаҳои  савдо, хоҷагии ҷангал, стансияи эпидемиологӣ санитарӣ, идораи таъмиру сохтмон, шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника»шуъбаи матбаа, шӯъбаи алоқа,  рӯзномаи ноҳиявӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва  фарҳангии мардуми ин сарзамин тағйироти куллиеро ба вуҷуд овардаанд. Мардумони ин сарзамин дар давраи Иттиҳоиди Шӯрави саросар саводнок гардида, аз ҷиҳати маълумотӣ олӣ дар қатори аввалинҳо ҷой гирифтанд.

Бисёр зодагони Ишкошим дар инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи  ҷумҳурӣ дар давраҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд ва халқ ҳамеша онҳоро ба некӣ ёд мекунад. Имрӯз номи чунин фарзандони шуҷоъ ва ватанпарвар Амирбеки Қиёбек, Саломатшоев Зарифбек, Юсуфбеков Рустамбек ва ғайраҳоро ёдовар шудан тақозои замон аст. Дар қатори ин фарзандони шарафманди диёр зодагони Ишкошимзамин аз қабили Шариф Раҳматов, Мирзо Худододов, Султоннсаб Мирзоев, Гадо Отамбеков, Мамадюбхон Самадов, Мамнур Қурбоналиев ва ғайраҳо меистанд, ки онҳо дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагиӣ халқи вилоят басо хизматҳои  арзанда  намудаанд. Дар инкишоф ва рушду нумӯъи соҳаҳои мухталифи ноҳия дар давраҳои гуногун як зумра фарзандони  кордону дилсӯзи диёр ғайратмандона саҳмгузор гардиданд ва қисме аз онҳо дар айни замон низ саҳми худро гузошта истодаанд. Мардуми ноҳия дар ҳар як суҳбату маърака номи ин гуна фарзандонро монанди Отабеков Некқадам, Мирҷонова Бибигулшод,  Қурбоналиев Мамнур, Бобоков Мирзо, Шердилов Яқубек, Азизхонов Мамадсахӣ, Султоншоев Хилватшо, Аноятбеков Фозилбек, Пайшанбиев Шакарбек, Муродалиев Ақдодхон, Айдмамадов Сафармамад, Паҳлавонов Иқболхон, Амирбеков Бодурбек, Замиров Аскар, Маҳбатшоев Муминшо, Шогунбек Ошурбек, Гулмирзоев Қурбоналӣ, Фарҳодов Мавлодод, Ғуломшоев Карамшо, Ғуломносиров Аминбек, Давлатмамадов Ширинбек, Муминшоев Давлатқадам, Мероншоев Мамадносир, Қурбоншоев Аловатшо, Байрамбеков Холумбек, Мирзоев Одинамамад, Одинаев Ғолибхон, Шодустмамадова Зарнигор, Қурбонасейнов Андалиб ва ғайраҳо бо некию хайрхоҳона  ва ифтихори баланд вирди забон меоваранд.

Ишкошим бо шоирону журналистон, олимон ва табибонаш, ки берун аз ноҳия ва вилоят шуҳрат пайдо намудаанд, фахр мекунад. Имрӯз мардуми ин диёр аз номи ин Ишкошимзодагон чун Амирбеки Ҳабиб, Нафасбеки Раҳмонӣ, Хушвахтшоҳи Муборакшо, Ҷамшеди Давлатмамад, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Лола Исмоилова, Наваруз Гулрузов, Гулхоҷа Ҷангибеков, Доробшо Давлатшоев, Ширинбек Некқадамов, Аҳмадҷон Қучқоров, Ноёбшо Зуробеков, Амиргулхон Амирбеков, Боғшо Лашкарбеков, Абдуламид Хонҷонов, Музафар Гулмамадов, Қамардин Хушқадамов, Абдулалӣ Давлатов, Зебунисо Муминшоева, Зарифа Назарова, Абдулло  Абдураҳимов, Миркалон Шоҷонов, Лола Саломатшоева, Азизхон Мирбобоев, Айдмамадов Айдмамад  Саидмамадович, ва ғайраҳо мефахранду меболанд.

Сарояндагону санъаткорон ва оҳангсозони  ин сарзамин чун Аҳмадҷони Қучқор, Сарфарози Қурбоналӣ, Вафобеки Шодибек, Раҳими Матрам, Гулхонбеки Файзулобек,  Оғомуҳаммади Мирҷон, Маҳрам Носиралиев, Абдулшаҳид Саодатшоев, Масайн Масайнов берун аз вилоят ном баровардаанд. Ҳар як фарди Ишкошим, ки  фарзанди ин сарзамин аст, ин диёрро  ҳанӯз ҳам ободу зеботар дидан мехоҳад. Барои ин ақлу ҷисми солим ва дониши мукаммал  лозим аст. Ба ин маънӣ ба инкишофи саҳаҳои маориф ва тандурустӣ мушаххастар ошно мегардем.

 

 

 

 

МАОРИФ ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

 

Баъд аз пирӯзии Инқилоби Октябр аввалин  муассисаҳои мактаби дар Бадахшон  ва аз ҷумла дар ноҳияи Ишкошим  кушода шуда,  ба саводнок шудани мардум саҳмгузор гардиданд. Тирамоҳи соли 1924 дар деҳаи Нуд (ҳоло маркази ноҳияи Ишкошим) Шоабдулло Мансурхонов бо мадади И. Исмоилов дар хонаи худаш аввалин мактаби Шӯравиро кушод ва дар он 15-20 нафар навраси синну соли гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Тамоми харҷу хироҷи мактаби аввалинро марзбонони рус ба ӯҳда доштанд. Соли 1926 Аминбек Ниёзбекзодаи Вранги дар хонаи шахсиаш мактаб кушод. Ҷавонони  деҳаҳои Шитхарву Птуп ва Вранг дар ин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар солҳои баъдина шумораи мактабҳо афзуда дар соли таҳсили 1932-33 дар 23 мактаби ибтидои ва 13 мактаби маҳви бесаводӣ 1540 нафар хонанда, ки аз онҳо 645 нафарашон занону духтарон буданд, фаро гирифта шуда, ба таҳсили онҳо 26 нафар муаллим ва як нафар муаллима машғул буданд.

       Соли 1933 бо ташаббуси раиси сектори кор бо занони кумитаи Ҳизбии ноҳия Н. Шосейнова бо дастгирии мудири шӯъбаи маориф У. Дорғаев дар маркази ноҳия мактаби кӯтоҳмуддати тайёркунии муаллимон ба фаъолият пардохт. Дар ин мактаб Тоҷ Абдуллоева, Маҳтоб Юсуфова, Садбарг Шанбиева, Султоннасаб Мастонова, Чаманоро Дилёбшоева,Султоннасаб Хайруллоева, Бодом  Ақанаева, Пайруза Бардинова, Гулшан Мамадхонова аввалин тарбиятгирандагон буданд, ки баъдҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия хизмати шоистаеро ба анҷом расондаанд.

    Соли 1938 навбати дуюми тайёр кардани омӯзгорон дар маркази ноҳия ба кор шурӯъ намуд, ки он низ бо иқдому таклифи Н. Шосейнова сурат гирифт. Шогирдони ин мактаб Лола Некбахтшоева, Ниссо Гулмирзоева, Акбаршоҳ Султонав, Зарифмо Карамалиева, Давлатсултон Муборакшоева, Султонбегим Абдураҳимова ва дигарон дар он илм омӯхта, баъдан ба кори муаллимӣ пардохтанд. Омӯзгорони ин мактаб Давлатшоҳ Раҳматшоев, Қурбоналӣ Гулмирзоев, Юсуфшоҳ Давлатов ва чанде дигарон буданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани маорифчиёни ноҳия дар канор наистода, таҳти шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» кору фаъолият доштанд. Бо ташаббуси мудири шӯъбаи маориф М. Муҳаббатшоев ва раиси кумитаи иттифоқи касаба Муҳаммад Носиров барои сохтмони авиаэскадрилияи «Муаллимони Тоҷикистон» 21 ҳазор сӯм пули нақд ва ба андозаи 35 ҳазор облигатсияи заёми давлатӣ ҷамъоварӣ шуд. Ин буд, ки аз номи сарфармондеҳи Ставкаи олӣ И.В Сталин ба унвони мудири шӯъбаи маориф М. Муҳаббатшоев ва раиси кумитаи иттифоқи касаба М. Носиров раҳматнома ирсол гардид.

    Дар соли таҳсили 1967-1968 дар 6 мактаби миёна, 11 мактаби 8-сола, 19 мактаби ибтидоии ноҳия 2420 талаба, ки аз онҳо 1186 нафарашон духтарон буданд, таҳсил мекарданд. Дар соли таҳсили 1982 дар ноҳия 12 мактаби ибтидоӣ, 13 мактаби 8-сола ва 10 мактаби миёна амал менамуд, ки дар он 5086 хонанда таҳсил мекард.

Дар ин сол дар ноҳия ду адад интернати давлати ба фарогирии 182 нафар тарбиятгирандагон, ду адад яслӣ-боғча бо фарогирии 110 нафар тарбиятгиранда фаъолият доштанд. Дар соли таҳсили 1987 дар ноҳия 14 мактаби миёна, 13 мактаби 8- сола ва 12 мактаби ибтидоӣ кор мекард, ки дар онҳо 5739 нафар хонандагон таҳсил доштанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 586 нафар омӯзгор машғул буданд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чун дигар республикаҳои иттифоқӣ Тоҷикистон низ соҳибистиқлол гардид. Аммо он барояш хеле гарон афтид. Душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар истода, ҷанг дохили байни тоҷиконро аланга доданд. Дар натиҷаи он хоҷагии халқи мамлакат зарари ҷиддӣ дид. Дар бисёри минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ мактабҳо, бемористонҳо ба коми оташ кашида шуданд. Гарчи дар Ишкошим ҷанг набуд, аммо таъсири фалокатбори он ба ин ноҳияи дурдаст низ расид.

Ду интернати давлатӣ аз фаъолият бозмонда, барҳам дода шуд. То соли 1996 филмотекава Хонаи пешоҳангон низ барҳам дода шуданд.Аммо дар тӯли ин солҳо мактабҳо аз фаъолият намонданд, онҳо бо тамоми нерӯю қувва кор карданд. Дар соли таҳсили 1992-1993 ва 1993-1994 шумораи хонандагон ва омӯзгорони ноҳия аз ҳисоби гурезагони иҷборӣ афзуд. Дар  соли таҳсили 1992-93, 1993-94 шумораи хонандагон 7168 нафар ва омӯзгорон 1074 нафарро ташкил доданд. Дар ин солҳо  ёрию мадади ташкилотҳои байналхалқӣ, хусусан Бунёди Оғохон, СММ, КБСС, ҶҲА, ЮНИСЕФ ба мактабҳо назаррас буд. Маҳз бо дастгирии ин ташкилотҳо ба мактаббачагон пӯшок, пойафзол, хӯрок ва маводи хониш дода шуд. Соли 2001 мактабҳои № 43,21,36 бо мадади БҶИИМК-и Бунёди Оғохон аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

       Дар соли таҳсили 2001-02 дар ноҳия ҳамагӣ 45 мактаб, аз онҳо 24 мактаби миёна, 13 мактаби асосӣ ва 8 мактаби ибтидоӣ, бо фарогирии 7253 нафар хонанда,  аз онҳо 3678 нафарашон духтарон, фаъолият дошта, ба таълиму тарбияи онҳо 974 нафар омӯзгорон, аз онҳо 522 нафарашон дорои маълумоти  олӣ машғуланд.

 Дар 4 мактаб омӯзиши компютерӣба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони дараҷаи олӣ- 107 нафар, дараҷаи 1-404 нафар, дараҷаи 2-498 нафар мебошанд. Дар соли таҳсили 2001-02 дар ноҳия 7 нафар зан директор, 6 нафар зан ҷонишини директорон 7 нафар зан дар вазифаи ташкилотчиёни корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ифои вазифа намуданд.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар мактабҳо ва дар маркази ноҳия озмунҳои фаннии мактабиён, озмуни иншоҳои беҳтарин, озмунҳои « Муаллими сол», « Маърифати омӯзгорон» пайваста гузаронида шуд, дар онҳо беҳтарин хонандагону омӯзгорон ширкат мекунанд.

Имрӯз ноҳия бо маорифчиёни  худ, аз қабили Б.Баҳриев, Ф. Қозиев, Г. Азизбекова, Н. Сафаралиев, М.Неъматов, С.Мамаизхонов, Г.Қурбонасейнова, П. Мирзоев, М. Бунёдбеков, С. Муборакшоева, Х. Илчибекова, А. Муродалиев, З. Зуробеков, М. Мастонова, С.Андалебова, Р. Қушқорова, И. Носиров, Ш. Иброҳимов, С. Карамалиев, Х. Собиров, М. Диловаров, Г. Муллоева, ва даҳҳо дигарон ба таври ҳаққонӣ фахр дорад. Сафи омӯзгоронӣ навҷӯю эҷодкор афзуда истодааст. Дар соли таҳсили 2002-03 мактаби ибтидоии деҳаи Навободи ҷамоати Птуп   ба бинои нави замонавӣ кӯчида, он ба мактаби алоҳида табдил ёфт.

    Дар ноҳия 5 адад кӯдакистони доимӣ бо фарогирии 240 нафар тарбиятгиранда амал менамоянд. Дар давоми солҳои 1997-2002 85 нафар духтарон аз рӯи квотаи Президентӣ донишҷӯ гаштанд.

       Маорифчиёни ноҳия тамоми қувваю қобиляташонро ба он равона намудаанд, ки дар таълиму тарбияи насли навин саҳми босазо гузоранд ва ин аст тӯҳфаи онҳо ба ҷашни 80 – солагии ноҳия.

 

 

 

 

НИГОҲЕ БА ИНКИШОФИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

 

 Дар тамоми давру замонҳо инсоният  ба маводҳои дармонбахш барои табобати дарди маризон сахт ниёзманд буданд  ва ҳастанд. Мардуми Ишкошимзамин  низ аз давраҳои қадим барои нигоҳ доштани саломатии худ аз воситаҳои гуногуни табобатӣ истифода мебурданд. Бахусус онҳо барои муолиҷа гиёҳҳо ва обҳои гарми фаровони ин сарзаминро мавриди истифода қарор медод.

   Дар Ишкошим дар ҳар давр фардҳое буданд, ки ба ғайр  аз дигар воситаҳо ва маводҳои мавҷуда растаниҳои маҳаллиро низ барои дармон бахшидан ба беморон тавсия медоданд. Хусусияти табобатии растаниҳоро меомӯхтанд,  онҳоро бо ҳам меомехтанд ва барои истеъмоли маризон пешниҳод менамуданд. Дар Ишкошимзамин Давлатҷонов Алидодро ҳамҷун табиби мумтози мардумӣ, ки аз гиёҳҳои маҳаллӣ дору тайёр мекард ва ҳамчунин сабаби бемориро аниқ муайян менамуд ва маризони зиёде аз дасти ӯ шифо меёфтанд, мардумон то ба имрӯз ба неки ёд мекунанд. Вале гарчанде  тибби қадим доимо дар ин диёр вусъат меёфт, он дар назди бемориҳои дорои хусусияти  ҷарроҳӣ доштаву касалиҳои сирояткунанда ва бисёр  бемориҳои дигар оҷиз мемонд. Пайдоиши тибби ҳозиразамон дар ноҳия баъд аз Инқилоби Октябр рост омад ва то ба дараҷаи имрӯза инкишоф ёфт. Дар солҳои аввал  барои табобати касалиҳои  сирояткунанда, аз сабаби набудани мутахасисони  маҳаллӣ табибони рус ҳамроҳии сарҳадбонони  Руссия ба ин маҳал  меомаданд. Мардуми ин сарзамин номҳои табибони рус чун Зинченко, Дяков, Спажов, Федров ва дигаронро ҳамеша вирди забон меоваранд.

   Бори аввал солҳои 1939-40 табиби маҳаллӣ Амирбеков Аминбек дар ҳайати бригадае, ки  ба он Зыков сарвари мекард, барои нест кардани касалиҳои сирояткунанда ба ноҳия  фиристонида шуд. Минбаъд Амирбеков Аминбек  дар нест намудани  касалиҳои сирояткунандаи дар ноҳия хизматҳои босазо намуда,  ҳамзамон сарварии беморхонаи ноҳияи  маркази ноҳияи Вахон дар деҳаи Шитхарв  ба ӯҳда гирифт. Амирбеков А. минбаъд бо ёрию мадади бародарон Пилосовҳо дар водии Вахон касалиҳои сирояткунандаро  тамоман  нест намуданд. Пас аз ин дар ноҳия сафи кормандони маҳаллӣ сол то сол афзудан гирифт ва хизматрасонии ин соҳа рӯ ба тараққӣ ниҳод. Баъд аз Амирбеков дар ноҳия Мавлонқулов Алиқул ҳамчун  кадри маҳаллӣ ба духтурӣ пардохт, ки ӯ дар ибтидо аз деҳаҳои Андароб то Намадгут ба аҳолӣ хизмати тиббӣ  расонд ва то охири умраш дар ин касб адои вазифа  намуда, дар қалби мардуми ин диёр ҷой гирифт.

 

Аввалин табобатхона  дар ноҳия соли 1950-ум кушода шуд ва ба он духтури дорои маълумоти олӣ Умаров Мулло сарварӣ намуд. Аз нимаи аввали солҳои 50-ум аллакай аввалин кадрҳои маҳаллии дорои маълумоти олӣ, монанди Ғуломносиров Аминбек ва Қамардинов Хушқадам ба кор шурӯъ намуданд ва дар рушду нумӯъи ин соҳа ҳиссагузор гардиданд. Ҳамзамон шумораи кадрҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ аз ҳисоби ҷавонон дар солҳои  60-ум   афзудан гирифт ва сифати хизматрасонии тибби сол аз сол беҳтар шудан гирифт.

Дар соли 60-ум Замиров Шодмон, Азизбеков Ҷангибек, Раҳматуллоев Бодуршо, Аноятбеков Амадбек, Миравазбеков Азизбек,  Шосаворбеков Мавлодод,  Бахтибеков Сарадбек, Мамадназарбеков Ҷумъабек, Хаёлов Зиёбек,  Қурбоназаров Алиназар ва ғайраҳо ба ноҳия омаданд. Оҳиста-оҳиста дар ноҳия мутахассисон  аз ҳисоби занони маҳаллӣ  пайдо шуда, сафи онҳо афзудан гирифт ва имрӯз қариб 85 фоизи коркунони ин соҳаро ташкил медиҳанд. Аввалин зани дорои маълумоти олии тиббӣ  аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ Қурбоншоева Мобибӣ ба кор оғоз намуда,   баъдан занони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ  Алидодова Майрам, Зуробекова Сангинҷон, Давлатмамадова  Хадича ба кор пардохтанд ва бо  ташаббуси онҳо шуъбаи касалиҳои занона низ ба кор шурӯъ намуд. Бо гузашти вақт аввалин ҷарроҳ Абдураҳимов Абдулло-зодаи ин диёр ба кор омада, дар ноҳия шуъбаи ҷарроҳӣ кушода шуд. Соли 1964 Давлатмамадов Ширинбек баъди хатми донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба ин ҷо ба кор омада, имрӯз чун яке аз ҷарроҳони беҳтарини вилоят ном бароварда  ва ҳамкасбонаш ӯро энсиклопедияи тиб меноманд. Баъд аз солҳои 1965 системаи тандурустӣ дар ноҳия рӯ  ба беҳбудӣ ниҳода, утоқҳои  кории рентгенӣ, лабораторӣ дар назди касалхонаи  маркази ноҳия, беморхонаи қитъавӣ дар деҳаӣ Туғгоз кушода шуд. Аз солҳои 1970 шумораи мутахассисони  маҳаллии дорои маълумоти олии соҳаи тиб зиёд шудан гирифт ва то имрӯз  аксарияти  онҳо ба мардуми ноҳия софдилона хизмат расонда истодаанд. Дар бемористонҳои ноҳия имрӯз шумораи зиёди духтурони болаёқат,  монанди Бораков С, Мирзоев А, Мероншоев М, Зариков М, Назаршоева С, Содатсайров П, Муминшоев Д, Мавлонқулов Қаноат, Абибова Л, Қодирова М ва ғайраҳо меҳнат карда истодаанд. Зодагони ин диёр  докторҳои  илмҳои тиб  Абдураҳимов А. ва Шоҷонов М. имрӯз дар қатори беҳтарин табибон ҷумҳурӣ  ном баровардаанд.

      Дар соли сипаришуда дар беморхонаи участкавии деҳаи Вранг шӯъбаи ҷарроҳии дорои 10 кат кушода шуда, ҳоло фаъолият карда истодааст. Дар назди 4 амбулаторияи духтурӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.

    Коркунони ҳифзуссиҳати ноҳия ба он  мекӯшад, ки сатҳи хизматрасонии тиббиро ба дараҷаи замонавӣ бардоранд. Ин беҳтарин тӯҳфаи онҳо ба 80-солагии ташкилёбии ноҳия аст.

 

 

 

СУБҳИ ИСТИҚЛОЛ

 

11 сол қабл аз ин баъди фурӯрезии Итиҳоди Шуравӣ дар харитаи ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арзи вуҷуд намуд. Вобаста ба ин руйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимои ишкошимиён низ тағйироти ҷиддие ба амал омад. Носозгориҳои солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон (гарчанде оташи ҷанги  шаҳрвандӣ дар ҳудуди ин ноҳия сар надароварда буд) ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ноҳия таъсири манфии худро расондаанд. Сатҳи зиндагии мардум паст шуда гирифт. Мардуми Ишкошимзамин дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз худро дар канор нагирифта, бо тамоми нерую ҳастиашон барои барқарор намудани зиндагонии тинҷу ором ҷидду ҷаҳд менамуданд. Чун ниёгонашон ба ояндаи нек  боварӣ доштанд ва барои ҳарчи тезтар барқарор кардани зиндагии осоишта ҳиссагузорӣ мекарданд. Минбаъд дар қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ, интихоботҳои президенти ҷумҳурӣ, вакилони мардумӣ ва иҷрои санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки онҳо ифодакунандаи нафъи ҷомеъа буданд, фаъолона ширкат варзида, бехато тақдири ояндаи худро муайян намуданд.

     Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори  сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон набзи ҳаёти мардум ба як низоми муаяйн даромада, халқ ба ободкорию созандагӣ шурӯъ намуд.

    Лаҳзаҳои таърихии фаромӯшнашавандае, ки маҳз самараҳои  истиқлол ҳастанд, дар ҳаёти ишкошимиён ба вуқуъ  пайвастанд. Бори аввал дар таърих мардуми Ишкошимзамин сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба  ин сарзамин қадам ранҷа намуда, аз зиндагӣ ва кору бори мардум дидан кард. Сарвари исмоилиёни тамоми ҷаҳон Аълоҳазрат Шоҳзода Оғохони IV бо даъвати Президенти мамлакат ба Тоҷикистон, аз ҷумла ба Бадахшон омад. Ба мардуми Ишкошимзамин дидор бо сарвари Исмоилиёни кулли дунё, ки орзуи ҳамешагии аҷдодонашон буд, насиб гардид. Ин дидор на як бор, балки ду бор-бори аввал дар маркази ноҳия, бори  дуввум дар маркази ноҳия ва дурдасттарин деҳаи ин сарзамин- деҳаи Лангар ба вуқӯъ пайваст.

    Бори аввал дар таърихи тоҷикон парлумони дупалата интихоб гардид ва зодаи Ишкошим Самадов Мамадаюбхон аввалин ҷаласаи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раисӣ карда, ин ҷаласаро ифтитоҳ намуд. Дар таърихи тоҷикон  ин зодаи Ишкошим ҳамчун аввалин раискунанда Маҷлиси Милли сабт гардид.

  Ишкошимиён дастурҳои  Президенти мамлакат ва васиятҳои сарвари исмоилиёни дунё Шоҳкаримал – Ҳусайниро сармашқи ҳаёту фаъолияти худ карда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба гузаронидани ислоҳот пардохтанд. Нахустин ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ оғоз гардида, бомуваффақият ба анҷом расид ва самараи дилхоҳ низ ба бор овард. Замин дорои соҳиби ҳақиқии худ гардид, ҳосилнокии замин қариб ду маротиба афзуд. Мардум ба аз худ намудани заминҳои бекорхобида, бунёд намудани боғзорҳо, ҷангалзорҳо ва коркарди меваю сабзавот пардохтанд. Дар қад-қади доманакӯҳҳо ва роҳҳои нақлиётгузар каналу ҷӯйборҳо бароварда шуд, дарахтони бемеваю мевадор қад афрохта, ба ҳусни зебои ин диёр зебогии наверо зам намуданд.

  Мардуми ин диёр  нозукиҳои иқтисоди бозоргониро мавриди омӯзиш қарор  дода, нахустқадамҳои худро ба сохти нави иқтисодӣ-иқтисоди бозаргонӣ гузоштанд. Дар маркази ноҳия ва марказҳои ҷамоатҳои деҳоту деҳаҳои калонтарин  дӯконҳои тиҷоратии хусусӣ ва бозорҳо қомат афрохта истодаанд. Аксарияти объектҳои хизматрасонӣ хусуси гардонда шуда, қисман фаъолият намуда, қисми дигарашон дар ҳолати омодагӣ ба фаъолият қарор доранд. Тоҷикистони ҷавон бо дастгирии маблағи ҳукуматҳои маҳали, ташкилотҳои байналхалқӣ, монанди Бунёди Оғохон ба бозорҳои ҳудуди ноҳия маводҳои гуногунро дастрас намуда, дар болоравии сатҳи зиндагии мардум ва иқтисодиёти ноҳия саҳм гузошта истодаанд.

   Дар ҳамдастии ҳукумати ноҳия ва Бунёди Оғохон қариб ҳамаи муҳассисаҳои тиббию маориф, роҳҳои нақлиётгузар ва дигар объектҳо таъмиру аз нав сохта шуда, бо қобилятҳои пурраашон кор карда истодаанд.

   Ба мушкилотҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар деҳаҳои Лангару Ямчун нерӯгоҳҳои хурдиқтидори  барқӣ ба кор андохта шуданд, ки ба душвориҳои зиёди зиндагии мардумони ин деҳаҳо дармонбахш гардидаанд.

Ислоҳот дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бомуваффақият идома дорад.

 Ҷавонони болаёқату умедбахш донишашонро дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он такмил дода, дар  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия кор карда истодаанд

   Имрӯз мардуми Ишкошимзамин ба номи шоирони варзида,  навқаламони умедбахшу ояндадорашон чун Одина Назарзода, Айдибеки Қадамалӣ, Қурбонбибии Зайдулло, Моҳинави Байрамбек, Куйбеки Шарифбек, Зарнигори Муборакшо Анвари Андаробӣ, Сафари Сарбоз, Саъдоншои Матроб, Парвонаи Фаррухзод, Саъдоншо Улфати ва ғайраҳо фахр мекунанду  орзу доранд, ки дар майдони васеъи назми ғании тоҷик ба қуллаҳои баландтар расанд.

    Ишкошимзамин бо растаниҳои дорувориаш аз қадимулаём маълуму  машҳур буд. Гузаштагони ин сарзамин ин растаниҳоро дар мавридҳои беморӣ ва душворӣ ба шакли истеъмол, сӯзондан (бӯйи хуш) ва дигар  шаклҳо истифода мебурданд. Имрӯз низ аз ин растаниҳо доруҳо тайёр карда шуда, мавриди истифодаи маризон қарор мегиранд. Дар деҳаҳои Авҷ ва Намадгут аз тарафи табибони варзидаи мардумӣ Ширинбеки Давлатмамад ва Одинамамади Мирзо корхонаҳои дорусозӣ сохта шуда, аз растаниҳои маҳаллӣ дору тайёр карда, пешкаши ниёзмандон гардонда мешаванд. Онҳо бо ин амали хайрашон на танҳо дармонбахши дарди маризони ин диёр гардидан, балки дар байни мардум обрӯю эътибори хосае пайдо намуданд.

     Зиндагии Ишкошимиён рӯз ба рӯз  беҳтар, хонаю диёрашон зеботару ободтар гардида истодааст. Халқи бофарҳанги ин сарзамин ба зиндагӣ бо як дилгармии  самимию умедҳои калон ба ояндаи нек нигариста, кору фаъолият намуда истодаанд.

   Соли сипарӣ мардуми ин диёр 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосае истиқбол гирифтанд. Имсол бошад аҳли фарҳанги ноҳия дар озмуни вилояти “Садои Кӯҳистон” сазовори ҷои аввал гардиданд, ки ин ҳама шоҳиди беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки мардуми ин диёр аст.

  Имрӯз ҳукумати ноҳия фаъолияташро дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо” ва дар бораи “ Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа”, Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ВМКБ ба роҳ монда, барои ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

  Кулли корҳои ташкилӣ-оммавӣ бо назардошти вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ гузаронида мешавад. Мӯҳлати гузаронидани маҷлиси вакилони халқи ноҳия пурра риоя мегардад ва дар онҳо масъалаҳои проблемавии ноҳия мавриди муҳокима қароро мегиранд. Ба мақсади пурра ва ҳамаҷониба  ҳаллу фасл гардидани масъалаҳо, маъруза ва рӯзномаи ҷаласа як моҳ пеш дар рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ” ба табъ мерасад. Ин ба вакилон ва даъватшавандагон имконияти бештари пешниҳод кардани  таклифот ва эъродҳоро фароҳам меоварад. Дар асоси моддаи 27 Қонуни  “Дар  бораи ҳокимяти давлатӣ дар маҳаллҳо” 5 адад комиссияҳои доимӣ тасдиқ гардиданд, ки аз ҷумлаи 40 нафар вакилони халқ 30 нафарашон дар ҳайати комиссияҳои доимӣ интихоб шудаанд.

     Ҳукумати ноҳия аз 13 шӯъбаю идора иборат буда, дар ҳудуди ноҳия 7 ҷамоати деҳот  мавҷуд аст.  Дар 46 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, як  филиали омӯзишгоҳи техникӣ, клубҳои варзишӣ, 5 муассисаи мактабӣ бо фарогирии 7400 нафар амал мекунанд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 1074 нафар коркунони  педагогӣ машғуланд.

 

   Дар ноҳия 74 муассисаи фарҳангӣ амал менамоянд. Аз ҷумла 7 хонаи фарҳанги, 26 клуб, китобхонаҳои марказӣ, 28 китобхона дар деҳот, 6 клуби сайёр, 2 мактаби мусиқӣ, 3 осорхонаю як театр ва як ансамбли тарона ва рақси “Лаъли Бадахшон” дар хизмати сокинани ноҳия мебошанд.  

     Ба ҳолати 1 январи соли 2002 дар ҳисоби  шӯъбаи ҳифзи  иҷтимоии ноҳия 3540 нафар нафақахӯр  меистанд, ки  аз онҳо 1810 нафарашон  занон ва 1730 нафарашон мардонро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ноҳия 4 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 14 нафар маъюбони ҷанг ва артиш, 240 нафар маъюбони модарзод, 391 нафар маъюбони истеҳсолот, 349 оилаҳои бесаробонмондаи дорои 784 нафар кӯдакон мебошанд.

      Ба аҳолии ноҳия ҷамъияти матлуботи ноҳияви дорои 36 нуқтаи савдо бо фарогирии 40 нафар коркунони соҳаи савдо хизмат мерасонад.

     Ба сокинони  ноҳия 3 касалхона, 1 поликлиника, 5 амбулаторияи духтурӣ, 21 бунгоҳҳои тиббӣ, 1 стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ, 3 беморхона бо фарогирии 137 катҳои беморӣ, 22 нафар духтурон  ва 171 нафар коркунони миёнаи тиббӣ хизмат расонда истодаанд. Инчунин шифохонаҳои  “Гармчашма”,   “ Авҷ”  ва   “Ямчун”  барои маризони дохили ноҳия, берун аз вилоят ва ҷумҳури хизмат мерасонанд.

    Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқи ноҳия кишоварзӣ буда, дар ноҳия 14 ассотсиатсияҳои хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Ноҳия дорои 2671 га майдони киштшаванда 288 га боғзорҳо, 106 га сабзавотзор буда, соли 2001 –ум аз ҳар га ба ҳисоби миёна 18 сентнерӣ ғалладона, 215-картошка,  106-сабзавот рӯёнида шуд. Ба ҳолати 1-январи соли 2002 дар ҳисоботи омори ноҳия 10112 сар ҳайвони шохдори калон, 39193 сар моли майда, 9 сар асп, 3 сар уштур, 420 сар қутос ва 7871 сар мурғ мавҷуд аст.

   Ба ғайр аз ин дар ноҳия 800 нуқтаи  телефонӣ, 3558 нуқтаи радио, 14 шабакаҳои телевизионӣ, як шабакаи  барқии хурдиқтидор ба сокинон хизмат мерасонанд.

  Дар маркази ҷамоати деҳоти Андароб стансияи телефонии  байнишаҳрӣ  ба шаҳрвандон хизмат мерасонад ва дар маркази ҷамоати деҳоти Вранг сохтмони чунин стансия  дар арафаи анҷомёбист.

     Ноҳия дар фазои якдигарфаҳмии сиёсӣ ва демократӣ  қарор гирифта, дар айни замон дар ноҳия 4 ҳизби сиёсӣ, ҳизби халқӣ- демократӣ, ҳизби коммунисти, ҳизби демократӣ ва ҳизби наҳзати ислом фаъолият доранд. Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии номбаршуда  барои дарёфт намудани роҳҳои ҳарчи беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва ободии ноҳия кушиш ба харҷ дода истодаанд.

   Ман чун зодаи ин сарзамин ба ояндаи неки ин диёр боварии комил дорам, чунки дар ин ҷо тамоми мӯъҷизаҳои ошкору  ниҳони табиат маҳфуз аст. Мардуми ин ноҳия фурӯтану меҳнатқаринанд, нерӯҳои ақлонию кории диёр басандаанд. Бо кушода шудани роҳи Кулма-Қароқурум,таъмини пурраи нерӯи барқ,  амиқ омӯхтану мавриди истифода қарор додани қонунҳои  агротехникии замин, қонунҳои  иқтисодӣ бозаргонӣ  сатҳи зиндагии мардум ба куллӣ тағйирхоҳад ёфт. Ин диёр боз ҳам ободтару зеботар мегардад.

      Дар айни замон сарварони ҷумҳурӣ ва вилоят, шахсан Президенти мамлакат Э.Ш. Раҳмонов  ба он кушида истодаанд, ки аз тамоми имконятҳо истифода бурда, ҳарчи тезтар шароити зиндагӣ ва иқтисодии мардуми ин сарзамин боло равад. Кушодашавии роҳи машингарди Дарвоз-Кӯлоб, ки маҳз бо кушиши Президенти мамлакат амалӣ гардид, мардуми ин диёрро аз изолятсияи ҷуғрофи бароварда, имкон дод, ки мардум тамоми фаслҳои сол ба маркази ҷумҳурӣ ва дигар манотиқи олам барои ҳалли мушкилоти худ сафар намоянд. Халқи Ишкошим, чун тамоми мардуми вилоят, суханони пурмӯҳтавои Президенти мамлакат Э.Ш.Раҳмоновро, ки асри ХХ1 –ро асри Бадахшон, асри кашфи ин сарзамини пурасрор номид, сармашқи кору фаъолияти ҳарӯзаи худ карда, баҳри пешрафти диёри азизашон  бурдбориҳо карда истодаанд.

    80 –солагии ташкилёбии ноҳияи Ишкошим боз ба як саънаи таърихию тақдирсози миллати тоҷик-10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар арафаи ин ду саънаи таърихӣ ба ҳамаи мардуми ин диёр зиндагии  бофароғат, хонаободӣ, сарбаландию хушбахтиро сидқан таманно менамоям. Ва суханамро бо шеъри Сорбон хотима мебахшам:

 

 Ишкошими пурфайзи ман ҳаштодсола шуд,

 Ин мулки гуҳаррези ман зеби сайёра шуд.

 

Некқадами Зуробек  25 январи соли 1958 дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи  Намадгут оғоз намуда, онро соли 1973 бо баҳои аъло хатм намуд. Идомаи таҳсилро дар интернати № 1 назди маркази мактаби миёнаи №21 ноҳия Ишкошим давом дода, онро соли 1975 низ бо баҳои аъло хатм намуд. Сали 1976 ба институти педагогии ба номи Тарас Григориевич Шевченко-и шаҳри Душанбе дар факултаи математика дар шуъбаи математика – физика дохил шуда, онро соли 1981 бомуваффақият хатм намуд. Сипас солҳои 1981-86 дар мактабҳои № 16, 21 ва 18-и Ноҳияи Ишкошим ба ҳайси омӯзгори математика ва физика фаолият намудааст. Соли 1987 дар вазифаи ҷонишини директор ва дар солҳои 1988-99 ба вазифаи директори мактаби миёнаи рақами №18-и деҳаи Намадгути ноҳия  Ишкошим иҷрои вазифа намуд. Аз  моҳи октябри соли 1999 то декабри 2006 дар вазифаи мудири шубаи ичтимоӣ –фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим кору фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим интихоб гардид.

 Аз январи соли 2007 то июни 2013 дар вазифаи раиси шубаи суғуртаи давлатии ноҳияи Ишкошим адои вазифа намудааст. Аз моҳи июни соли 2013 инҷониб ба вазифаи мудири шубаи рушди  ичтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият дорад.

Некқадами Зуробек

Хоруғ 2002

 

Муҳаррир:                                       Абдулло Амонбеков

Масъули чоп:                                  Қурбон Аламшоев

Ороиши фанни:                               Эдуард Шоназаров

Ҳуруфчинии компютери:                 Саодатқадам Назаршоев

                                                      Сайрам Хӯҷаназарова

<Скачать docx>

 

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Мы гордимся вами | Добавил: amin (23.12.2014)
Просмотров: 2327 | Комментарии: 3 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 3
avatar
1 Umed • 12:27, 24.12.2014
yes very great!!!
avatar
Thanks bro. Appreciation !!!
avatar
0
3 amin • 10:15, 20.02.2015
specool
ComForm">
avatar
More info