Главная » 2014 » Июн » 10

Лоиҳаи пайвасткунии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон - Покистон (Ишкошим - Читрол) тавассути долони Вахони Афғонистон ба барномаҳои давлатии самоягузориҳо, грантҳо ва сохтмонҳои асосии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 ва 2014 - 2016 ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба TojNews хабар дод. Бино ба иттилоъи расмӣ, барои бунёди ин роҳ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) айни ҳол ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ кор бурда мешавад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон яке аз сабабҳои асосии сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаи сохтмони роҳи Ишкошим - Читролро тариқи долони Вахон, ба мушкили дастрасӣ ба сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ рабт медиҳад.


Категория: Срочное новости | Просмотров: 622 | Добавил: amin | Дата: 10.06.2014 | Комментарии (0)

More info