Красивые фотографии обои от профессиональных фотографов для вашего рабочего стола
Сулмоз Муҳоҷир ва Ҷоссӣ Струнден ду ҷавондухтар аз Олмон баъд аз як сафари 17 рӯза бо дучарха ба Бадахшон, рӯзи 4 –уми август ба Душанбе баргаштанд.
Сафари ин ду дучархасавор, ки яке эронитабор ва дигаре олмонӣ ҳаст, дар шароите ба Бадахшон сурат гирифтааст, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи май бархе аз сафоратҳои муқими Тоҷикистон, шаҳрвандонашонро огоҳ карданд, аз сафари Бадахшон худдорӣ кунанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Сулмоз аз таасуроту дидаҳои хеш дар ин сафари 17 рӯза қисса кард.