Главная » Статьи » Стихи [ Добавить статью ]

Амаки Бандайшо - қасоид

Нури чашми дидагонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ,

Роҳати руҳи равонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ,

Мадҳхони Мустафову Муртазо аз ҷону дил,

Рузу шаб вирди забонам , Ё Муҳаммад , Ё Алӣ,

Кулли мавҷудотро баҳри Муҳаммад офарид

Ҳам замину осмонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Дар Ғадири Хум Муҳаммад, Ё «Айуаннос» гуфт,

Пешвои муъминонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

«Боқи аз худ мегузорам ман «Қуръон»-у «Аҳли Байт»

Дар миёни пайравонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

«Ҳар ки ман Мавлои Уям, пас Алӣ Мавлои уст!»

Гуфт пайғамбар аёнам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Баҳри ҳифзу равнақи дини мубин,

Теғи бурро кун забонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ,.

Шиаи Оли Аливу Уммати пайғамбарам,

Дар ду олам пуштибонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Ҳар ки бошад дустдору Амрбардори Имом,

Дустдори он касонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Ҳар ки бо Ҳозиримом даъвии бемаънӣ кунад,

Мулҷид асту хасми ҳонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ

Аз ҷилои Нури У шуд пурҷило ашъори ман,

Нури Мавлои Замонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Ҷумла аъзои вуҷудам Амрбардори ту шуд,

Ақлу ҳушу ҷисму ҷонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Гар хатое рафта бошад, Ё Худоё, афв кун!

Баҷри ашки дидагонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Шуд гуноҳам бештар аз муи сар,

Камтар аз хеле муридам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

Бекмурод аз чокарони он Имоми барҳақ аст,

Хоки пояш остонам, Ё Муҳаммад , Ё Алӣ.

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Стихи | Добавил: amin (31.05.2014)
Просмотров: 469 | Теги: намадгут, касоид | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info