Главная » Статьи » Мы гордимся вами [ Добавить статью ]

Сухани созандаи устод Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ - аз Райҳони Соҳибназар


Замоне дар солҳои  1940-ум  писараке дар мактаби № 15 деҳаи Шитхарви ноҳияи  Ишкошим яке аз хонандагони беҳтарин ба шумор мерафт.  Ӯ  дар ин ҷо бо падару модараш  дар  оилае мезист, ки то ҳануз ҳам  аз ӯ  бо ифтихор  ёд мекунанд.
Ин писарак  рӯзноманигори маъруф Мазҳабшои Муҳаббатшо буд, ки падараш вазифаи мудири маорифи ноҳияи Вахони он вақтаро бар дӯш дошт.  Вазифа ва шахсияти падар, ки худ марди  босаводу бофарҳанг буд,  масъулияти  Мазҳабшо ва бародарону хоҳарони ӯро барои хондан дучанд  мекард. Ин буд, ки фарзандони ин хонавода  ҳамчун шахсони  бомаърифату соҳибфарҳанг  ба воя расида,  дар пешравии ҷомеа  саҳми  арзанда  гузоштаанд.
Тавре аз нигоштаҳои И.Муъминшоев -бародари рӯзноманигор бармеояд, устод  аз синни  наврасӣ  ҳақиқатҷӯ буд ва ҳамеша мекӯшид  ноадолативу  нобарбариҳои ҷамъиятро ифшо созад. Ҳамин ҳақиқатҷӯӣ ва амри тақдир буд, ки устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба олами рузноманигорӣ ворид гардид. Ҳарчанд баъди хатми мактаб ӯ  имтиҳоноти муҳандисии  донишгоҳи Русияро бомуваффақият супорида бошад ҳам, аммо таҳсилро идома намедиҳад ва  бо итмоми омӯзишгоҳи киномеханикии ш. Душанбе  ба ин касб низ даст намезанад. Чун рӯзгор бар дӯши ӯ буд,  ба ҳайси мусаҳҳеҳи нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор медарояд. Ҳамзамон    дар  факултаи забон ва адбиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекунад, ки  абадан риштаи ӯро бо соҳаи рӯзноманигорӣ мепайвандад.
Дар саҳифаи таърихи журналистикаи тоҷик устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев  ҳамчун рӯзноманигори  боҷасорат  сабти ном кардааст. Ӯ тамоми умр  аз кори мухбирӣ сар карда то  сармуҳарририи  рӯзномаҳои бонуфузи давр, аз ҷумла,  «Тоҷикистони советӣ», ки баъдан номи   «Ҷумҳурият»-ро гирифт ва рӯзномаи «Тоҷикистон»  фаъолият менамояд.
Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ  устод Мазҳабшо дар ҳассостарин давраҳои таърихӣ барои халқи тоҷик,  бо бардошти масъалаҳое даст зад, ки  ҷасорати  беандозаро тақозо мекард. Чопи нахустин  мақола дар бораи ҷашни миллии Наврӯз, ки  дар солҳои 70- уми асри XX  ҳамчун иди динӣ ё ҷашни мазҳабӣ мамнуъ эълон шуда буд,   аз  хештаншиносии амиқи муаллиф  дарак медод ва дигаронро низ ба бедории миллӣ даъват мекард, ки дар он даврон ҷасорати бемисл буд.
Ҳамчунин устод Мазҳабшо яке аз поягузорони  мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ  аст. Заҳматҳои шахсии ӯ ва ҳаммаслаконаш буданд, ки  мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар  Тоҷикистон  босуръат  амалӣ гашт, чун дар дигар кишварҳои пасошӯравии  ҳамтақдири Тоҷикистон мисли Қазоқистону Қирғизистон   ҳалли ин масъала мушкилоти зиёд ба бор овард ва пайравони мақоми давлатӣ  гирифтани забони милии ин кишварҳо аз Тоҷикистон ба ҳайси намунаи хуб ёдоварӣ мекунанд.
Барои устод Мазҳабшо устувор шудани мақоми давлатии забони тоҷикӣ ва қабули Қонун дар бораи он, тавре ки дар яке аз мақоляҳояш зикр намудааст, танатанаи ҳақиқат ва адолат нисбати мақоми аслии забони тоҷикӣ буд. Зеро ин забон, ба андешаи устод,  дар тӯли таърих чандин маротиба ба  вартаи нестӣ дучор шуд, аз ҷумла, дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба таври маҷбурӣ аз  истифодаи умум дар ҷомиа  барканор гардид.
 Вале мутаассифона,  бо мақоми давлатӣ гирифтани он, имрӯз на ҳамаи ормонҳои устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев  дар бобати татбиқи  дурусти забони  тоҷикӣ  ҷомаи амал пӯшиданд. Мардум аз он шикоят доранд, ки забони рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион  мушкилфаҳм буда аз  забони адабии тоҷикӣ фарсахҳо  дур аст.  
 Тибқи сарчашмаҳо нашри  аввалин декларатсия дар бораи  истиқлолияти Тоҷикистон низ аз тарафи устод  Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ  дар рӯзномаи   «Тоҷикистони Советӣ» анҷом  мепазирад, ки  даст задан ба чунин амал  дар солҳои 90-ум  ҷуръати хосаро тақозо мекард.
Ва барҳақ  ҷоизаи ба номи  устод   Мазҳабшоҳи Муҳаббатшо, ки соли 2010 таъсис дода шуда буд,   барои ҷасорати журналистӣ унвон гирифтааст. Барои гирифтани он  танҳо журналистоне сазовор мешаванд, ки мисли устод ба  ноҷӯриҳои замон нигоҳ накарда,  иттилооти барояшон хатарзоро  ифшо месозанд.   
Ҳамчунин устод Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ яке аз  муассисони аслии ҳафтаномаи  «Адабиёт ва санъат» буд, ки дар солҳои 90-ум бо теъдоди   100 000 нусха нашр мешуд.  Ин ҳафтанома  бонуфузтарин нашрияи вақти Тоҷикистон ба шумор рафта ва  бо чунин теъдод  дар таҳаввули фикрии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми муҳим дошт.
Сарфи назар аз тағъир ёфтани арзишҳо, самтҳо ва  дигар хусусиятҳои журналистика дар даврони истиқлол, дар  ин давра ҳам ба андешаи  рӯзноманигорон,  устод Мазҳабшои Муҳаббатшо аз  баъзе ҳамкасбони ҳамсинну соли худ бо дарки амиқи талаботи замон нисбати  журналистика ва журналистон фарқ мекард.  Дар ин солҳо барои муайян кардани  беҳтарин журналисти рӯз  пурсише дар байни журналистон ва хонандагони матбуот гузаронида шудааст, ки тибқи он  устод ҳамчун беҳтарин журналист  чӣ аз тарафи хонандагон ва чӣ  рӯзноманигорон эътироф гардидааст. Ба андешаи Ҳаёт Давлатов - раиси  вақти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  “маводҳои Мазҳабшои Муҳаббатшо бо бардошти масъалаҳои дардноки ҷамъиятӣ- сиёсӣ  ва нигоҳи амиқ дар инъикоси онҳо фарқ мекунанд.   Мазҳабшо  пуртаҷрибатарин ва  журналисти касбие аст, ки то охири умр дар ин соҳа  фаъолият намуд”. Маҳз ҳамин вафодорӣ нисбати касби хеш буд,  ки устод  солҳои охири ҳаёт низ дар  телевизиони Тоҷикистон  тавассути  барномаҳои  Интернюс масъалаҳои доғи рӯзро баррасӣ менамуд. Ин барномаҳо  дар байни мардум  маҳбубияти хос доштанд.
Омӯзиши ҳаёт  ва фаъолияти рӯзноманигории устод доманаи густурдае дорад, ки  барои пурра инъикос кардани беҳтарин хусусиятҳои   инсонӣ ва хештнаншиносии устод Мазҳабшоҳи Муҳаббатшо  ва баҳо додан ба арзиши аслии онҳо  шояд  таҷрибаи касбиву ҳаётӣ нокифоя бошад. Паҳлӯҳои зиёди хотирмону  ибратомӯзи фаъолияти рӯзноманигории устод симои  ӯро ҳамчун инсони ҳақиқатпараст, журналисти  миллатдуст,  амиқандеша,  ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатгӯ пеши назар ҷилвагар месозанд.  Журналисте ки тавонист тақдири муҳимтарин арзишҳои  миллии халқи тоҷик, мисли забон ва ҷашни зебои Наврӯзро  такон бахшад, онҳоро  ба маснади давлатӣ шинонанд ва аз қаъри фаромӯшиҳо  берун орад. Аз ин лиҳоз фаъолияти журналистии устод Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ  метавонад барои рӯзноманигорони ҷавон  беҳтарин намунаи журналисти асил  ва  ҷасорати журналистӣ  бошад.

Райҳони Соҳибназар

P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Мы гордимся вами | Добавил: amin (19.05.2014)
Просмотров: 628 | Теги: Мазҳабшои Муҳаббатшо, Райҳон Соҳибназар | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info