Главная » Статьи » Мы гордимся вами [ Добавить статью ]

Корманди маъруфи сохаи санъати точик - Маҳрам Носиралиев

Зиндаву човид монд, хар к-у накуном зист,
К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Корманди маъруфи сохаи санъати точик, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дорандаи ордени Шараф дараҷаи II мархум Махрам Носиралиев 2 апрели соли 2014 ба сини 65 мерасид. Вале ин марди фидокори санъат соли 2007 чахонро падруд гуфт. Дар умри начандон тулонии худ Махрам Носиралиев бо фаъолияти хунарии хеш ва хислатхои начиб дар байни мардум махбубият пайдо кард.
Рохи пурхаму печи Махрам Носиралиев дар сохаи фархангу санъат нахуст аз мудирии китобхонаи деха ва баъдан нохияви огоз гардида, минбаъд барои рушди санъати халки ва касби ба хайси рохбари бадеии гурухи «Лаъли Бадахшон» таъин мегардад.
Фаъолияти санъаткории Махрам Носиралиев ба ду давра: замони шурави ва даврони истиклол рост меояд, ки дар хар ду давра хам сарфи назар аз гардиши айём ва нишебу фарози хаёт, ин марди санъатдуст дар сохаи рушди санъати точик, бахусус пешбурди сохаи санъати нохияи Ишкошим сахми арзанда гузоштааст. Тули солхои рохбарии Махрам Носиралиев сохаи санъати Ишкошим ривочу равнак ёфта, хунармандони он берун аз худуди нохия дар микёси чумхури бо барномахои чолибу рангин сохиби чойхои арзишманд мегардиданд. Бавижа, замони шурави анаъанаи хубе буд, ки иштироки хунармандонро аз гушахои гуногуни кишвар дар озмуни «Бустон» такозо мекард. Дар ин озмунхои чумхурияви гурухи хунарии нохияи Ишкошим чандин маротиба махз тахти рохбарии М. Носиралиев сохиби чойхои намоён гардиданд, ки аз рохбари муваффак ва истеъдоди баланди хунарии у шаходат медиханд.
Хамчунин дар давраи мазкур сафархои хунарии у ба хайси рохбари ансамбли назди Хонаи маданияти Ишкошим ба шахри Маскав анчом мепазирад. Гурухи тахти рохбарии у дар шахри Маскав барномаи чолибу рангинро мавриди тамошои санъатдустон карор дода, сохиби бахои баланд ва ифтихорномахои зиёде мегарданд.
Чугрофиёи сафархои хунарии шодравон Носиралиев бо Точикистон ва Русия махдуд нагашта, балки ба мамолики хорич низ, мисли Африқо, Ҷумҳуриҳои Буркина – Фасо ва Малӣ сафархои хунари намуда, санъати волои миллати тоҷикро манзури сокинони ин кишварҳо гардонидааст.
Рохбарии самарабахши Махрам Носиралиев замони истиклолият низ бомуваффакият идома меёбад. Чандин маротиба дар озмунхои умумичумхурияви сохиби «Шохчоиза» гаштани асархои ба сахнагузоштаи у мисли «Майсара»- и Ф. Ниёзи, асари бузургҳаҷми “Фоҷиаи инсон”-и драматурги тоҷик А.Атобоев, “Қотили ҷонҳо”-и Ҷ. Қудус бешак аз хунару истеъдоди сахнаофаринии у дарак медиханд.
Харчанд имруз чои ин санъаткори сохибистеъдод ва инсони ботамкину фурутан дар байни пайвандон ва шогирдон холист, вале номи неку хунари волои у абадан дар хотирахо накш бастааст.

Райхон Сохибназарбекова
P.S Если вам понравился пожалуйста поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Мы гордимся вами | Добавил: amin (17.05.2014)
Просмотров: 955 | Теги: мы гордимся вами, Мархам Носиралив | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info