Главная » 2014 » Сентябр » 8 » Скоро на сайте!!! Китоби "Хик расмиш"- и Одинамамад Мирзо бо забони вахони
20:14
Скоро на сайте!!! Китоби "Хик расмиш"- и Одинамамад Мирзо бо забони вахони

Пару месяцев назад вышел очередная книга автора Одинамамад Мирзо "Хик расмиш". Мы работаем над тем чтобы как можно скорее опубликовать его электронную версию на сайте.

Сарсухан

Аз руи ҳисоби оламиён дар муошират бо ҳам зиёда аз 6000 забонро истифода мебаранд. Байни ин шумораи зиёди забонҳо онхое низ ҳастанд, ки соҳибонашон на он қадар зиёданд, забонҳо дорои хатту алифбои худ нестанд.Забонҳо, ки умри дароз доранд базудӣ барҳам нахурда вобаста ба шароити зисти соҳибони худ устувор мемонанд, ва ё ба забонҳои ҳамсояи худ омехта шуда осоре боқӣ мемонанд.

Забони халқи тоҷик ба таъсироти беруна нигоҳ накарда, асрҳоро аз сар гузаронида то ба мо расид. Оне, ки дар асрҳои IХ-Х забони давлатии сомониён асрҳои баъдина дучори шикаст гардид, аммо аз ин бурҳони асрҳо баромада имруз ин забон дар муоширати байналмилалӣ байни дигар забонҳо истифода мешавад. У халқу ватани моро бо оламиён муаррифӣ мекунад.

Аммо бойгарии забон дар Тоҷикистон ун табиати он ба ин анҷом намеёбад.  Ин диёри куҳанбунёд макони забонҳои қадим ба ҳисоб меравад, ки он мавзуи омузиши оламиён дар асри ХХ гардид.

Бадахшонро ганҷинаи забонҳо меҳисобанд. Аҳолии ин вилоят бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қирғизӣ, вахонӣ, шуғнониву-рушонӣ, ишкошимӣ, язгуломӣ гуфтугу мукунанд. Ҳар яке аз забонҳои помири (вахонӣ, шуғнони, ишкошимӣ, язгуломӣ,рушонӣ) аз гузаштаи дур то ба мо омада расидаанд. Онҳо хатту алифбои худро надоштабошанд, ҳам дар шароити бумбасти ҷуғрофӣ асрҳоро паси сар карда омадаанд. Онҳо аз таърихи қадими мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Аз руи маълумоти олимон бар меояд, ки ҳар яки забонҳои помири решаи пайдоиши худро доранд.Аз ҷумла забони вахонӣ ба забони қабилаҳои сакоӣ шабоҳат дорад.Он яке аз забонхои нисбатан пахшуда буда, зиёда аз  70 000 нафар одамон дар Тоҷикистон (22 000) , Афғонистон (14 000   ) Чин (16 000), Покистон   (17 000 ) ва алоҳида давлатҳои ҷаҳон паҳн шудаанд. Ҳоло кушишҳои ба роҳ мондани алифбои ин забонҳо идома дорад. Бо ёрии он метавон алоқаи забонии байни давлатҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Чин барқарор кард. То ба ин матлаб расидан қарордодем, ки дар ин китоб аз алифбои криллӣ бо истифодаи баъзе арфҳое, ки забоншиносони мо пешниҳод кардаанд пешниҳод гардид.

Зарурияти аввали навиштани ин китоб бо уруфҳои криллӣ аз талаботи руз аз руз афзудаи хориҷиён нисбат ба забонҳои Помир ба миён меояд.Аз ҷумла соли дуввум аст, ки фонди шветсиягии Кристенсен ба мавзуи дастгирии забонҳои этникии Помир мароқ зоҳир менамояд. Академияи улуми Руссия, Олмон, Инглистон экспидитсияҳои илмӣ барои омузиши ин забонҳо кушиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Дар ин китоб расму оини мардуми Вахон оиди тую маърака, идхо, сафарбароию мехмондори, оиладори, вакт маълумкуни, хашар, айлокдори ва дигархо дар бар гирифта шудааст.

Муаллифи, ки ин мавзуъхоро аз саргузашту мушохидахои худи бидуни адабиётхои таърихи руи когаз овард. Росму оинхо бошанд то солхои 30-юми асри 20 начандон ба тагийроти чиддие дучор омадаанд. Танхо дар солхои хокимияти шурави кисман тагийротхои руйдода дар китоб ба кайд даромаданд, ки ин пайравии хронологи мазмуни китобро гани гардонид.

Биография Одинамамад Мирзо >>>

Одинамамад Мирзо - Интервью для stan.tv >>>

© SpoWaxon

 

 

P.S Если вам понравился материал поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:

Читайте также:

  1. Достони духтарони дучархасавор ва сайри Хоруғ (ВИДЕО)
  2. В раздел Видео добавлено: Мирзои вахон играет на гитаре
  3. Старт разработки нового сайта!!!
Категория: Срочное новости | Просмотров: 3860 | Добавил: amin | Теги: Одинамамад Мирзо, Хик расмиш
+6
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar
More info