Главная » 2016 » Январ » 30 » Китоби "Хик расмиш"-и Одинамамад Мирзо
15:33
Китоби "Хик расмиш"-и Одинамамад Мирзо

 Одинамамад МирзоСоли гузашта, яъне чанд моҳ пеш, 29.07.2015 китоби навбатие, ки мо аз тарафи муаллиф бисёр интизор будем, чоп шуд.

 Дар ин китоб дар хусуси расму русуми мардуми Вахон, ки на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Ҷумҳурии исломии Покистон, Афғонистон, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон низ ба сар мебаранд, ҳикоя карда мешавад. Русуми вахиҳоро донандаи таърихи ниёгон,муҳаққиқи таъриху этнографияи Вахон Одинамамади Мирзо ҷамъоварӣ ва таҳия кардааст. Матнҳои китоб ба забони вахӣ бо транскриптсияи қабулшуда омода шудаанд.

            Ба забони вахӣ таҳия кардани расму оини мардумӣ кӯшиши аввалинест, ки муаллиф онро ба зимма гирифтааст. Ӯ, худ зодаи Вахонзамин аст, бештар мушоҳидаҳои тӯлонии хешро роҷеъ ба расму русуми мардумӣ ба қалам  додааст.

            Истифодаи алифбои кирилли ва овардани нақшаи овозҳои худии вахӣ мутолиаи китобро осон мегардонад.

            Китоб дар чаҳорчӯби тарҳи Иттиҳодияи Ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” дар самти нигоҳдории забонҳои этникии Помир ва барномаи “Эҳёи мероси Ишкошим” ба нашр мерасад.
           

Китобро метавонед аз худи муаллиф пурсон шуда, ба даст биёред. Нишонӣ: н. Ишкошим, қ. Намадгут, Осорхонаи “Шоҳи Мардон”.

 

P.S Если вам понравился материал поделитесь с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:

Читайте также:

  1. Озера на вершине мира. Таджикистан
  2. Студенты ХоГУ Новые чемпиноы Ишкашима 5-ого соревнование по воллейболу 2015.
  3. Всадники 15 я серия Ваханцы. Документальный фильм
Категория: Срочное новости | Просмотров: 21068 | Добавил: amin
+4
Всего комментариев: 1
avatar
1 lidush97 • 13:06, 30.01.2017
салом.Админ. Йм китоб ск электронный  вид тӯё?
ComForm">
avatar
More info